Тоҷикистон ҷашн дорад: Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар барномаҳои ҷашни 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард

ДУШАНБЕ, 16 ноя- Sputnik. Сафари кории раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд имрӯз бомдод оғоз ёфт, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар барномаҳои ҷашни 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард

Афзун бар ин, бо ширкати раисҷумҳур ифтитоҳи бархе аз сохтмонҳои муҳим  дар назар дошта шуда ва ҳамчунин бо мардуми вилоят мулоқот баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, раёсати ҳукумат ва намояндагони ҷавонони вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо пешвоз гирифтанд.

Ба муносибати таҷлили ин рӯйдоди торихӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи идона баргузор мегардад ва ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бархе аз сохтмонҳои муҳим ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0