Тирамоҳ дар Тоҷикистон

Барфу борон намеборад: Ҳавои имрӯзаи Тоҷикистон нимаабру бебориш аст

45
(Таҷдидшуда 20:38 17.11.2017)
Аммо ҳавошиносон пешбинӣ кардаанд, ки дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Имрӯз, 17 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш ва фаромадани туман пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туманро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 3-8 ва рӯзона ба 8-13 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

45
Барчаспҳо:
туман, обу ҳаво, борон, барф, Созмони ҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Певец Бахром Гафури

"Хона холист, хонаи мо": охирон суруде, ки Баҳром Ғафурӣ натавонист пурра мунташир кунад

158
Ҳамагӣ се рӯз пеш ҳунарманд дар саҳифаи иҷтимоӣ хабар додааст, ки дар тараддуди нашри суруди нав аст. Ӯ дар ин таронаи ғамгинаш аз хонаи холие нола мекунад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Имрӯз, 7 август дар пайи як садамаи мудҳиш сарояндаи нотакрор Баҳроми Ғафурӣ даргузашт. Ин хабар ҳазорҳо мухлиси ҳунармандро чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар берун аз он ғамгин кард. Sputnik Тоҷикистон машҳуртарин таронаҳои Баҳром Ғафуриро ба ёд меорад.

Ҳунарманд солҳои 2000-ум бо таронаи "Парешон шудаи ай дил" шӯҳрати беандоза ба даст овард ва вориди шоу-бизнес шуд. 

Ҳамин тавр, таронаҳои Баҳром Ғафурӣ зуд хит мешуданд ва ӯ борҳо дар озмуни "Суруди сол" иштирок намудаву ҷоиза гирифтааст. Суруди "Фариштамоҳ" яке аз онҳост.

Ҳамчунин, овозхон чанд маротиба дар озмуни байналмилалии Big Music Awards  ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ҷоизаҳои ин озмунро солҳои 2009, 2011 ва 2014 ба даст овардааст.

 

Ҳамагӣ се рӯз пештар Баҳром Ғафурӣ дар саҳиаи Истаграмаш хабар дод, ки дар тараддуди нашри суруди наваш аст. Аммо тақдир ба ӯ даст надод, ки ин таронаро пурра мунташир кунад.

Қисме аз тарона дар саҳифаи иҷтимоии ҳунарманд нашр шудааст.

Ӯ зоҳиран ин таронааро низ ба муҳоҷират бахшидааст. Дар он ҳунарманд аз хонаи холие шикоят мекунад, ки бе нафари наздик мисли зиндон аст.

"Хона холист, хонаи мо, хонаи қашангу зебо, хона холист ҳама сарсон, хона бе ту мисли зиндон", шиква мекунад вай дар тарона.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

💫Taraddudi surudhoi nav💫 @bakha84 @hasan_madudov

Публикация от 𝐁𝐀𝐇𝐑𝐎𝐌 𝐆𝐇𝐀𝐅𝐔𝐑𝐈 (@bahrom_ghafuri_official)

Баҳром Ғафурӣ яке аз ситораҳои дурахшони саноъати мусиқии тоҷик тайи 20 соли ахир буд, ки бо услуби хосу садои нотакрор беш аз 10 албомро ҳадяи мухлисонаш кардааст.

Дар миёни мардум албумҳои ӯ “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят” ва “Муҳоҷирбача” маҳбубияти хос доранд. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

158
Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид

Нуриддин Саид бо сафири араб мулоқот кард

39
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дидор ва мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бахусус телевизион ва радио имрӯз зимни вохӯрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио оид ба имконоти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио маълумот дода, тавсеаи равобити дуҷониба дар ин самтро барои муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги ду давлат муҳим арзёбӣ намудааст.

Таъкид шуд, ки шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон дар баробари дигар забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба забони арабӣ низ барномаҳо таҳия ва пахш менамоянд.

Дар ин росто, истифода аз таҷрибаи ҷониби Фаластин, ки забони давлатии он арабӣ мебошад, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони кумита ва омӯзиши таъриху фарҳанги ин давлат мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии телевизион ва радиои Давлати Фаластинро, ки дар баррасии тарафҳо қарор дорад, воситаи муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати ҳарчи зудтар омода ва ба имзо расидани онро таъкид карданд.

Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад

Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дар навбати худ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи телевизион ва радио, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардумони ду мамлакат иброз намуд.

39
Военные РФ в Сирии, архивное фото

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

16
(Таҷдидшуда 19:33 07.08.2020)
Агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд. Амрикоиҳо иқрор шуданд, ки бо дахолати Маскав, Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" ба артиши Сурия даст дод, ки қисмати бештари кишварро аз дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бозпас гиранд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik, Андрей Котc. Хадамоти пажӯҳишии конгресс дар гузориши 49-варақаи худ таҳти унвони "Низоъи мусаллаҳона дар Сурия ва вокуниши ИМА" ба хулоса омадааст, ки агар Русия намебуд, Башор Асад дар ин ҷанг пирӯз намешуд.

Таҳлилгарони низомӣ чӣ мегӯянд ва чӣ пешбинӣ мекунанд - ҷавоби суолро аз ин мавод дарёфт хоҳед кард.

Тақсимоти қувва

Дар ин гузориш харитаи Сурия нишон дода шудааст. Қисмати марказӣ, шарқӣ ва ҷанубии кишварро ҳукумати Башор Асад бар истиснои минтақае дар марз бо Иордания - Ат-Танф, ки он ҷо пойгоҳи низомии ИМА қарор дорад, назорат мекунад. Идлиб дар қисмати шарқу ғарби кишвар таҳти идораи гурӯҳҳои эстремистӣ ва Туркия қарор дорад. Минтақае дар шимолу шарқи Ифрот - тақрибан се дарсади Сурия дар дасти курдҳо ҳаст.

Ин ҷо таҳлилгарон каме дурӯғ мегӯянд, чун далелан ин манотиқро Вашингтон назорат мекунад. Тибқи гузориш амрикоиҳо инҷо онқадар бисёр нестанд - наздики 600 найза. Вале онҳо манотиқи асосии нафтдори кишварро аз худ кардаанд. Дар баробари ин дар шимоли Сурия садҳо низомиёни созмонҳои хусусӣ фаъол ҳастанд. Дар ин ҳуҷҷат омада, ки ҳукумати расмии ин давлат ҳузури Амрикоро дар хокаш ғайриқонунӣ мешуморад.

Вале дар Вашингтон мегӯянд, манбаъҳои истихроҷи нафтро бояд аз террористон муҳофизат кард.

Муаллифони гузориш пинҳон намедоранд, ки гоҳ-гоҳ бо низомиёни Асад ҷанҷол мешавад. Ҳамин тавр онҳо мегӯянд, моҳи феврал низомиён дар минтақаи Камишли Қувваҳои мусаллаҳи ИМА-ро тир заданд. Касе осеб надид. Дар баробари ин мухолифати миёни низомиёни Русия ва Амрико низ дар шимолу-шарқи кишвар бештар шудааст.

Дар интернет аллакай наворҳои зиёде нашр шудааст, ки дар он мошинҳои ИМА роҳи худравҳои пулиси Русияро банд мекунад. Хушбахтона то ҳол ба тирпарронӣ нарасидааст.

Русия намеравад

Дар умум амрикоиҳо иқрор шудаанд, ки ҳуҷуми ҳавоии исроилиҳо ба обектҳои Эрон ва таҳримҳои зидди Русия, нагузошт, ки Маскав ва Теҳрон аз дастгирии Башор Асад даст кашанд.

"ИМА хоҳиш ва имконоти Русияро барои густариши таъсири худ дар Ховари Миёна нодида гирифтанд, - навиштаанд таҳлилгарон. Дар баробари ин бояд дарк кард, ки Маскав то чӣ андоза барои дастгирии шарики худ омада аст".

Муттаасифона муаллифони гузориш мегӯянд, ҳоло зарба задан ба Дамаск душвортар шудааст. Хатти фронро аз пойтахти Сурия дар навбати аввал бо кӯмаки қувваҳои ҳавоии Русия ба ақиб партофтанд ва қисмати бузурги кишвар таҳти назорати низоми Асад шуд. Душманони сиёсии Башор Асад қариб ки бе ҳеҷ чиз монданд. Дар баробари ин курдҳо бо Димишқ наздиктар мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки минтақаи марказӣ ва шимолу шарқӣ зери назорати Димишқ бар хоҳад гашт.

Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамоно хатар дорад

Моҳи декабри соли 2018 Доналд Трамп дар бораи пирӯзӣ бар Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) эълом кард. Вале таҳлилгарон бар онанд, ки гурӯҳҳои мухолифин то ҳол нобуд нашудаанд. Шарикони ИМА нуқтаҳои қавии Давлати Исломиро дар Сурия соли 2019 аз худ карданд. Вале исломгароён низоми идоракуниро чӣ дар Сурия ва чӣ дар Ироқ нигоҳ доштанд. Яъне то ҳол қодиранд ҳамла кунанд.

"Дар дурнамо тақдири Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз имконоти мо барои созмони иттиҳодияҳои амниятӣ вобаст аст, ки нагузорад гурӯӯҳо боз қувваи худро такмил диҳад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Вале таҳдиди Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дурудароз аст. Мо дар оянда низ бояд курдҳоро дастгирӣ кунем, то онҳо бо тероризм мубориза баранд".

Таҳдиди дигар урдугоҳи маҳбусони низомӣ мебошад, ки феълан он ҷо наздики 10 ҳазор ҷанҷӯёни ДИ қарор доранд. Онҳо асосан дар шимоли кишвар ҷойгиранд ва аз ҷониби низомиёни курдӣ идора мешаванд. Дар баробари ин боз як урдӯгоҳи дигар барои аъзои хонаводаи эктремистҳо вуҷуд дорад. Дар бузургтарин урдугоҳ -Ал-Хол наздики 66 ҳазор занон ва кӯдакони террористон ба сар мебаранд. Ба гуфти таҳлилгарон ҷангҷӯён дар миёни ин қишр тағрибот мегузаронанд, то маҳбусонро дастгирӣ кунанд, вале ДИ қасди ҳуҷумро дорад, то тарафдоронашонро озод кунад.

Раҳбарияти курдҳо чандин бор дар бораи нарсидани қувва барои нигоҳдории маҳбусон изҳор дошт. Амрикоиҳо барои кумак шитоб надоранд - Вашингтон бар ин аст, ки давлатҳо шаҳрвандони худро барои идомаи ҷазо ба кишварҳои худ интиқол диҳанд. Вале касе намехоҳад "террорист" - ҳои худро бозгардонад ва барои анҷом надодани ин кор баҳонаҷӯӣ мекунад. 

Вилояти мушкилзо

Гармтарин нуқта ин вилояти Идлиб мебошад. Феълан он ҷо Сурия, Русия, Эрон ва Туркия фаъол ҳастанд. Қувваҳои ИМА он ҷо нест, вале амрикоиҳо чандин бор ба низомиёне, ки бо "Ал-Қоида"  ҳамроҳӣ доранд ҳуҷум кардаанд.

Ноҳияҳои шимолии Идлиб - ягона минтақаест, ки таҳти назорати қувваҳои мухолифин мебошад, - қайд мекунанд таҳлилгарон. Гурӯҳҳои маҳаллӣ - он дастаҳое, ки соли 2011 бар зидди Димишқ бархоста буд. Аз 5 март дар Идлиб сулҳе, ки президентҳои Русия ва Туркия карданд, ҳукмфармост. Низомиёни ин ду кишвар ҳамроҳ масири стратегии М4-ро идора мекунанд.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ба тирпарронии ҷангҷӯён нигоҳ накарда, ҳоло дар ин макон сулҳро нигоҳ дошта мешавад. Вале Туркия то ҳол интиқоли қувваҳои низомияшро ба ин макон хотима надодааст ва чанде пеш аз оғози амалиёти ҷангӣ эълон кард. Ин маънои онро дорад, ки ҷанг дар Сурия ҳоло хотима наёфтааст.

16
Барчаспҳо:
террорист, Давлати Исломӣ, ИМА, Русия, Сурия