Манзил, акс аз бойгонӣ

ВУД: зани душанбегӣ хонаашро ба фоҳишахона табдил дод

300
(Таҷдидшуда 10:22 17.11.2017)
Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки занеро бо гумони даст доштан дар ташкили фоҳишахона дар шаҳри Душанбе боздошт кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 43-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 15-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Назаршоеви пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 35-сола ва зани 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

300
Барчаспҳо:
фоҳишахона, зани 43-сола, Душанбе, Тоҷикистон