Туман мефарояд: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бино бар м3аълумоти Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш ва дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ аз 3-8 то 13-18 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз як дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0