Пул, акс аз бойгонӣ

ВУД: Мудири корхона 30 ҳазору 420-сомонӣ маоши як сокини Рушонро пардохт накард

334
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мудири корхонаеро барои пардохт накардани маоши як кормандаш дар тӯли 2 сол дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса 57-солаи сокини деҳаи Савноби ноҳияи Рушон, сардори корхонаи фермерии "Акташ"-ро ҳамчун гумонбар дар напардохтани музди меҳнат дастгир намуданд.

Номбурда, аз соли 2015 то ин ҷониб маоши корманди корхонаи фермерии "Акташ", марди 57-солаи ҳамдеҳааш, мусоҳиби хоҷагии фермерии мазкурро, ки маошаш дар як моҳ 590-сомонӣ ва ҷамъ ба маблағи 30 ҳазору 420-сомониро ташкил медиҳад, пардохт накардааст.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

334
Барчаспҳо:
пардохт, музди маоиш, мудири корхона, Тоҷикистон