Низомиён, акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон барномаи даъват ба хидмати сарбозӣ анҷом ёфт

91
(Таҷдидшуда 18:49 24.11.2017)
Ҳар сол ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳудуди 15-16 ҳазор тан пур мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон барномаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати сарбозӣ анҷом ёфт, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТа.

Бино бар иттилои манбаъ, Фаридун Маҳмадализода-сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамаи комиссиюнҳои низомӣ ва комиссиюнҳои давлатӣ даъвати ин барномаҳоро қаблҳангом иҷро кардаанд.

"Барномаи даъвати тирамоҳӣ ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар рӯзи 1-уми октябр оғоз шуд бо бояд рӯзи 30-уми ноябр ба поён мерасид",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони аз синни 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озодшавӣ аз хидмати ҳарбиро надоранд, даъват мешаванд.

Ҳар сол ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳудуди 15-16 ҳазор тан пур мекунанд.

Бар асоси додаҳои расмӣ, дар кишвар беш аз 600 ҳазор тан ҷавонони дар синни даъватӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳудуди 150 ҳазор тан аз онҳо ҳуқуқи озод шудан аз хидмати низомиро доранд.

Ҳудуди 100 ҳазор тани дигар барои касби даромад ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд.

91
Барчаспҳо:
мавсим, даъвати ҳарбӣ, Вазорати дифоъ, Тоҷикистон