Солдаты во время прохождения полосы препятствий, архивное фото

Дар Бадахшон 4 афсари Кумитаи амният ба ҷурми гаравгонгирӣ аз симат барканор шуданд

378
(Таҷдидшуда 20:56 29.11.2017)
Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 4 нафар аз афсарони яке аз посгоҳҳои ин ниҳодро ба далели гаравгонгирӣ ва кушта шудани як сарбоз дар ин ҳодиса аз симатҳояшон барканор кардааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "ТоҷикТА", Муҳаммадд Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз барканории фармондеҳ ва 3 афсари воҳиди мустақар дар ноҳияи Дарвоз хабар дод.

Рӯзи 25 август дар паи даргирии мусаллаҳонаи 3-соата барои озодии афсаре, ки Сафарбек Хонов ном сарбози 20-сола аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, гаравгон гирифта буд, гаравгонгир кушта ва гаравгон аз қисми гардан ба шиддат захмӣ шуда буд.

Дар он замон мақомоти марзбонии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки музокирот бо Сафарбек Хонов барои озодии ин афсар бидуни натиҷа буда ва иқдом ба шиллики гулӯла ба сӯи фармондеҳони ин воҳиди неруи марзбонӣ кардааст, ки дар пайи табодули оташ, гаравгонгир кушта ва афсари гаравгон аз гардан захмӣ шуда ба ба бемористони шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон мунтақил шуд.

Аммо мавзуи муҳим ин аст, ки дар бораи ангезаи даст ба чунин иқдом задани ин сарбози қаторӣ, ки то поёни замони хидматаш 6 моҳ боқӣ монда буд, ҳеч тавзиҳе ироа нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори Созмони эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайри давлатӣ мебошад, дар неруҳои мусаллаҳи ин кишвар, тайи солҳои 2014 то 2016 беш аз 59 мавриди лату куби сарбозони қаторӣ аз сӯи ҳамқаторонашон ба сабт расида, ки дар пайи ин хушунатҳо 11 сарбоз кушта шудаанд.

378
Барчаспҳо:
сарбози қаторӣ, гаравгонгирӣ, Кумитаи амният, Бадахшон, Тоҷикистон