Абру сармо: ҳавошиносон сардии ҳаворо пешбинӣ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе. Архивное фото
Снегопад в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 3 декабр дар кишвар ҳаво абриву нимаабрӣ ва сард хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз ҳаво дар кишвар абрноку нимаабрӣ ва сард мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абриву нимаабрӣ ва бебориш хоҳад буд. Ҳаво дар шарқи вилоят шабона 12 — 17 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа сард шуда гоҳе борону барф хоҳад борид. Дар ғарби ин вилоят ҳаво шабона 3 — 8 дараҷа ва рӯзона 2 — 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳаво абрӣ шуда бод аз сӯи ғарб 2 — 7 метр дар сония хоҳад вазид. Шабона ҳаво 5 — 7 дараҷа сард ва рӯзона 3 — 5 дараҷа гарм мешавад.

Бино ба додаҳои ҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбанда ва абриву бебориш буда, дар бархе аз маконҳо меғ (туман) фурӯ меояд. Бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 1 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 1 — 6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5 — 10 дараҷа сард шуда ва рӯзона то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво абриву бебориш шуда бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар сония хоҳад вазид. Ҳаво шабона 3 — 5 дараҷа сард ва рӯзона 4 — 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳаво абриву бебориш буда, бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа гарм ва дар кӯҳсорон шабона 7 — 12 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок ва бебориш шуда, вале дар бархе аз ноҳияҳо меғ фурӯ меояд. Бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 — 7 дараҷа сард ва рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва кӯҳсорон шабона 9 — 14 сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво абриву бебориш шуда, шабона 5 — 7 дараҷа сард ва рӯзона 1 — 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва бебориш шуда, бод аз сӯи ғарб 2 — 7 метр дар сония мевазад. Ҳаво шабона 4 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 3 — 5 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0