Зане бо либоси миллӣ, акс аз бойгонӣ

Вазорати фарҳанг низ ба кормандонаш либоси тавсиявӣ пешниҳод мекунад

75
(Таҷдидшуда 10:55 09.12.2017)
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи ниҳодро баргузор кардааст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Вазорати фарҳанги ҶТ мехоҳад ба кормандонаш либоси тавсиявӣ пешниҳод кунад. Ин масъала дар ҷаласаи мушовараи вазорат баррасӣ гардидааст.

Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, дар ҷаласа тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазорат, ташкилоту муассисаҳои зертобеъ ва масъулини Раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Ҳамчунин натиҷаи санҷиши вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои Лахш ва Рашт, санҷиши вазъи хизматрасонӣ дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, санҷиши вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, санҷиши вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон, вазъи фаъолияти Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи "Авасто", натиҷагирӣ аз роҳандозии сафари фарҳангии "Корвони китоб" ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар соли 2017, таҳлили фаъолияти Сарредаксияи илмии энсиклопедии миллии тоҷик ва дурнамои он, рафти иҷрои фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Шашмақом баррасӣ гардид.

Дар охир тасдиқи Дастурамали коргузории воҳидҳои сохтории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, вазъи эҷодию кадрии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев ва Иттиҳоди давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ таҳлил ва муҳокима гардид.

75
Барчаспҳо:
либос, дастур, вазорати фарҳанг, Тоҷикистон