Бориши барф. Акс аз бойгонӣ

Барф мебораду туман мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

338
(Таҷдидшуда 09:42 14.12.2017)
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 14 декабр ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда боридани барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 14 дек— Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст.

Дар ВМКБ ҳавои абрию тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва дар баъзе ҷойҳо 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шарқи ин вилоят шабона 13-18, дар баъзе ҷойҳо то 19-24 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрию бебориш ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар буда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Ба гузориши манбаъ, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, бод аз сӯи шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

338
Барчаспҳо:
туман, барф, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон