Бо фармони Раҳмон: сардори нави милиса дар ВМКБ муаррифӣ шуд

© Фото : Аз равобити умумии ҳукумати ВМКБҶаласа дар ВМКБ
Ҷаласа дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи навбатии назди раиси ВМКБ, ки бо ширкати муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдурахмон Аламшоҳзода сардори навтаъини РВКД дар ВМКБ муаррифӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 14 дек— Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, дар ин вазифа генерал-майор Абдулваҳҳоб Искандарзодаро дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  Мансур Бухоризода иваз кард.

"Абдулваҳҳоб  Искандарзода ба вазифаи дигар гузаронда шуда, Мансур Бухоризода чун кадри корозмуда ба ин вазифа таъин гардид", — омадааст дар хабарнома.

Тағйироти корӣ дар додгоҳҳои ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Давлатмо Додихудозода раиси додгоҳи ВМКБ таъйин шуд

Раиси вилоят ба Искандарзода ҷиҳати фаъолияти зиёда аз сесола дар вилоят изҳори сипос намуда, ба Бухоризода дар иҷрои вазифаи пурифтихор ва пурмасъул муваффақият таманно кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард.

Зимни суҳбат  Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.

Лентаи хабарҳо
0