Суғд: 4,8 ҳазор метри мураббаъ қолии дастбоф тавлид шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПроизводство на Кайраккумском Ковровом Комбинате
Производство на Кайраккумском Ковровом Комбинате - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Илова бар ин, дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, дар Марказҳои таълимию истеҳсолии вилоят аз оғози фаъолияташон то имрӯз 167,8 ҳазор метри тўлонӣ матоъ ва 4,8 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои гуногун истеҳсол карда шуд.

Бино бар иттилои манбаъ,  айни ҳол дар вилоят 262 маркази таълимию истеҳсолӣ, аз ҷумла 191 маркази таълимии адрасу атласбофӣ ва 71 маркази таълимии қолинбофӣ фаъолият мебаранд ва дар онҳо 1015 дастгоҳ, аз ҷумла 604 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 411 қолинбофӣ насб карда шуда, 735 нафар ҳунарманд ба зиёда аз 3895 нафар шогирд нозукиҳои ин касбро меомўзанд.

Гуфта мешавад,  дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0