Сафорати ИМА ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон сохтмони нав дод

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон посгоҳи нави Хадамоти гумрук ифтитоҳ ёфт

76
(Таҷдидшуда 14:44 22.12.2017)
Сафорати ИМА ба Хадамоти гумрук бинои нав тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бино бар иттилои сомонаи равобити умуми Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА ба Хадамоти гумрук бинои нав тақдим намуд.

Гуфта мешавад, калиди сохтмони нави хадамотро  Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб супорид.

"Бинои нав дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизил-Арт" воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирқизистон дар Мурғоб қарор дорад. Илова бар ин, бино утоқҳои хобӣ, ошпазхона ва утоқҳои кориро дар бар мегирад", — гуфта мешавад дар иттилоия.

Кевин Коверт фаъолияти муҳими Хадамоти гумрукро эътироф намуда ва такроран итминони эҳтироми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нисбат ба мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти сарҳадоти худ изҳор намуд. Идораи муборизаи байналмиллалӣ алайҳи маводи мухаддир ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи (INL) Департаменти Давлатии ИМА барои сохтмон 767000 доллари ИМА-ро ҷудо намуд. Соли оянда, бо мақсади бо барқ таъмин намудани бино, INL маблағгузории насби турбинаҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобиро ба нақша гирифтааст.

Дар давоми 10 соли охир INL тақрибан 9 млн. доллари ИМА-ро барои кўмак ба таъмини амнияти марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намуд. Ин маблағ асосан барои сохтмони иншоот, омодасозии кадрҳо ва интиқоли таҷҳизоти зарурӣ масраф гардид. Тоҷикистон шарики муҳим дар чорчўбаи Стратегияи ИМА оиди Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз Стратегияи мазкур таҳкими амният, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа мебошад. Дар доираи муносибатҳои шарикӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кўмак ҷиҳати таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ идома дорад.

76
Барчаспҳо:
сохтмон, хадамоти гумрук, Тоҷикистон, ИМА
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: 50 ҳолати ҷадид ва шифо ёфтани 72 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

180
(Таҷдидшуда 19:01 03.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироятшавӣ ва шифоёфтагон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба вируси COVID-19 сабт гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта ба мисли чанд ҳафтаи охир ягон мавриди фавти маризони коронавирус ба қайд гирифта нашудаст.

Зимнан, аз 30 апрел то 3 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6108 нафар баробар шудааст, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4762 нафар шифо ёфтаанд.

Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 216 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 72 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

180
Барчаспҳо:
омор, сироят, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти Азаматуллои 22 сола барои ғорати хонаи ошнояш

68
(Таҷдидшуда 17:11 03.07.2020)
Мақомоти пулиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз боздошти як ҷавон хабар медиҳанд, ки дар ғорати хонаи шиносаш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ВКД дар пайи муроҷиати ҷабрдида ва корҳои оперативӣ Шарипов Азаматуллои 22 сола сокини шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ боздошт гаштааст.

Вазорати корҳои дохила мегӯяд,  ҳодисаи дуздӣ санаи 17 июн соли ҷорӣ ба амал омадааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда барои ба даст овардани маблағ вориди хонаи шиносаш воқеъ дар маҳаллаи Ховарони пойтахт шуда, пулҳои ӯро рабудаас.

Манба мегӯяд, маълағи дуздидашуда беш аз 153 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, боздоштшуда бо соҳибхона робитаи дӯстӣ доштаанд.

ВУД мегӯяд нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

68
Президент РФ В. Путин

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

0
(Таҷдидшуда 20:13 03.07.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар роибат ба даргузашти Абдулманап Нурмуҳаммадов ба писари ӯ, Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори тасаллият кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин барои даргузашти падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба ӯ занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Русия.

Ба изҳори Песков, Владимир Путин бевосита худаш бо Ҳабиб тамос гирифт.

"Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада, дар робита ба вафоти падараш тасаллияти амиқ изҳор кард", - афзуд сухангӯи президенти Русия.

Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз бемории шадид даргузашт

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мурабии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини дзюдо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

0
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон