Меғ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Меғ мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

685
(Таҷдидшуда 11:01 23.12.2017)
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 23 декабр ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 дек- Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо фурӯ омадани меғ (туман) пешбинӣ мешавад.  

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф ва баъзан фаромадани меғ пешбинӣ  шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барфу борон ва рӯзона ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз сӯи ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 ва  рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, бод аз сӯи ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

685
Барчаспҳо:
меғ мефарояд, борону барф, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

20
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

20
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Молния, архивное фото

Мудири ҳавошиносони Тоҷикистон гуфт, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд

30
(Таҷдидшуда 19:55 23.11.2020)
Диловар Дӯстзода, мудири Ожонси обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии ин ниҳод беҳтар карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дӯстзода зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, вазъи феълии байналмилалӣ ва тағйироти иқлимии сайёра зарурати ба роҳ мондани хизматрасониҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба миён овардааст.

“Бо дарназардошти ҳолати пешомада хизматрасониҳои навро таҳия намуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод менамоем. Зимнан, Ҳукумати мамлакат ба рушди Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намуда, сохторҳои марбутаи онро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мунтазам таъмин менамояд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки вобаста ба пешгӯйӣ ва дастрасии маълумоти обуҳавошиносӣ чорабиниҳои заруриро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Дӯстзода.

Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ гирифтани ҳосили баланди зироат, рушди чорводорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои сайёҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба маълумоти саҳеҳ ва саривақтии обу ҳаво марбут мебошад.

Зикр гардидааст, ки таъмини саривақтии маълумоти дақиқи обуҳавошиносӣ сокинонро  аз хавфу хатар сари вақт огоҳ месозад.

30