Камбудиҳои Ҳаҷҷи имсола ва омодагӣ ба Ҳаҷ-2018

© SputnikПаломники из Таджикистана отправляются в хадж
Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳузури муовини cарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Комиссияи "Ҳаҷ-2017" оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 ва омодагиҳо ба мавсими 2018 баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим маросими "Ҳаҷ-2018"-ро баррасӣ кардааст. Дар ин бора расонаи расмӣ хабар медиҳад.

Азим Иброҳим гуфтааст, ки бо мақсади баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҷойдошта ва дар сатҳи арзанда фароҳам овардани шароити муносиб барои зоирини тоҷик дар соли 2017 се ҷаласаи кории Комиссия баргузор гардида буд.

Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳаҷ ҳам масъулини тоҷик саҳлангорӣ мекунанд: саргардониҳои зоирон дар Макка

Дар ин мавсим 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ сафар карданду, ба онҳо аъзои гурўҳи корӣ, ҳайати табибон ва роҳбаладони интихобгардида хизмат расониданд.

Бархе аз оирин ба ташкили чорабинӣ баҳои баланд додаанд.

"Дар қатори муваффақиятҳо баъзе камбудиҳо, ба монанди саривақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархурдор набудани баъзе аз роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба ҳаҷ сафар намудани шаҳрвандон мушоҳида гардид ва боварӣ дорем, ки масъулин дар ин самт камбудиву норасоиҳоро бартараф намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб ва хизматрасонии беҳтарро дар мавсими "Ҳаҷ-2018" ташкил менамоянд",- гуфтааст муовини Сарвазир.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки масъулин дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мебошанд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нигаронкунанда зимни гузаронидани машғулиятҳо ба зоирин фарқияти  мафҳуми "хобгоҳ" аз "меҳмонхона", гуногунӣ ва миқдори хўрок дуруст фаҳмонида шавад, то дар сафар боиси нороҳатии онҳо нагардад.   

Лентаи хабарҳо
0