Борон, акс аз бойгонӣ

Абрноку гарм: обуҳавои имрӯзи Тоҷикистон

60
(Таҷдидшуда 12:40 24.12.2017)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок гардида, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тавре созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф ва баъзан фаромадани туман пешбинӣ  шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 23 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳамчунин ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барфу борон ва рӯзона ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ  шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 ва  рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

60
Барчаспҳо:
барф, борон, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Гробы с умершими от заражения вирусом

Афзоиши фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорати тандурустӣ

1159
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Вазорат, аз 30 апрел то 14 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6643 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5332 нафар ё худ 80,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ дар мамлакат ба 56 нафар расид.

"Давоми шабонарӯзи охир 178 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

1159
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон, омор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сохтмони бинои 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ дар шаҳри Хуҷанд бо суръат идома дорад

105
(Таҷдидшуда 19:13 14.07.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ дар шаҳр бомаром идома дошта ва аллакай 7 ошёнаи он ба анҷом расидааст

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Бино бар иттилоли дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёди хонаи баландошёна, ки барои муҳоҷирони экологӣ пешбинӣ шудааст, боздид намуданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ бомаром идома дошта, аллакай 7 ошёнаи он ба итмом расидааст.

Гуфта шудааст, ки бинои мазкур бо маблағгузории мақомоти шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

“Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад. Ҳуҷраҳои бинои сохташаванда барҳаво буда, масоҳати якхонагии он 56 метри кв, духонагии он 93 метри кв ва сехонагии он 125 метри кв-ро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки қисмати асосии бино бунёд шудааст.

“Интизор меравад, ки бинои мазкур то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, муҳоҷирони экологӣ соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд”, - зикр кардааст манбаъ.

Ҳамзамон дар ҳудуди бинои мазкур ҷойҳои фароғатӣ, аз ҷумла майдончаи варзишӣ барои бачагон пешбинӣ шудааст.

Дар навбати худ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор супориш дод, ки сохтмони бинои мазкур босифат анҷом дода шавад.

105
Барчаспҳо:
сохтмон, бино, муҳоҷирон, Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон
День 15 июля

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:05 14.07.2020)
Рӯзи понздаҳуми июл Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон буда, дар Ботсвана – Рӯзи президент ва дар Бруней  – Рӯзи султон мебошад

Рӯзи 15 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи 1000-солаи Ҷопон вулқони Бандай фаввора зад.

День 14 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1922 Ҳизби коммунистии Ҷопон таъсис дода шуд.

Соли 1923 Парлумони Италия Конститутсияи нав қабул кард.

Соли 1933 аввалин маротиба яккапарвозӣ бо ҳавопаймо дар гирди кураи Замин оғоз гардид.

Соли 1965 Конгресси ИМА қонунеро қабул намуд, ки талаб мекард дар қуттиҳои сигор ба саломатӣ зиён доштани он навишта шавад.

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Миср дар маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо тарҷума ба забони арабӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар Миср зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Филиппин хонум Глория Макапагал Арройо масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ва  муовини ёвари Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Майкл Макфол масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мавзеи бунёди ин иншоот ба шаҳри Роғун сафар карда, дар он ҷо аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳафтуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он қариб 40 масъала баррасӣ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 июл

  • Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.
  • Дар Ботсвана – Рӯзи президент.
  • Дар Бруней  – Рӯзи султон.

Рӯзи 15 июл кӣ ба дунё омадааст

1606 — Рембрандт Харменс ван Рейн (соли даргузашт 1669), яке аз рассомони машҳури ҳолландӣ.

1870 — Леонид Красин (соли даргузашт1926), револютсионери русиягӣ, корманди ҳизбӣ.

1905 — Александр Хвиля (фавт 1976), ҳунарманди русиягӣ ва украинӣ, ҳунарманди халқии ИҶШС.

1939 - Алӣ Ҳоманаӣ, сиёсатшиноси эронӣ, президенти Эрон (1981—1989), раҳбари давлат  (аз соли 1989).

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1922 – ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина.

1941 – журналист Нур Табаров.

1948 – журналист Саидқул Шопалангзода.

1953 – журналист ва нависанда Раҳмон Остон.

1954 – нависанда  Баҳманёр.

Рӯзи 15 июл кӣ даргузашт

1904 — Антон Чехов (соли таваллуд 1860), драматург ва нависандаи рус.

Рӯзи 15 июл дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

1954 — Садриддин Айни (соли таваллуд 1878), шоир ва нависандаи тоҷик, асосгузори адабиёти муосири тоҷик.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷашн, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон