Кӯмаки моддӣ, акс аз бойгонӣ

Русия ба бенавоёни шаҳри Турсунзода кумаки молӣ расонд

71
(Таҷдидшуда 14:03 27.12.2017)
Сафорати Русия дар дар Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Турсунзода дара арафаи Соли нав ёрӣ расонд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба бошандагони камбизоати шаҳри Турсунзода кумаки моддӣ расонд. Дар ин бора сухангӯи ин ниҳод Кирилл Хандогин хабар додааст.

"Кормандони сафорат ба сокинони маҳаллӣ наздики як тонна кӯмаки моддӣ иборат аз орд, равғани растанӣ, консервҳои гӯшт ва туҳфаҳои солинавӣ бурданд", — тавзеҳ додааст вай.

Ёрии мазкур аз ҷониби ширкатҳои русии "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Мегафон-Тоҷикистон", "НБО Сангтӯда-1" ва Маркази содиротии Русия сармоягузорӣ шудааст.

Дар рафти сафар ҳайъати Русия бо раиси шаҳри Турсунзода мулоқот карда, мосоили ҳамкориҳои сафоратро бо ҳукумати шаҳр дар соҳаи маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд, ҳамчунин баргузории муштараки Ҷашни Пирӯзиро ба нақша гирифтанд.

Пас он дар Ҳукумати шаҳр маросими супоридани кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ ба сокинон ва рустаборони шаҳр баргузор шуд.

71
Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Муин Гафуров. Архивное фото

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

14
(Таҷдидшуда 09:24 11.07.2020)
Ширкати  размикори тоҷик Муин Ғафуров дар бузургтарин ташкилоти ММА ба таъхир гузошта шудааст. Акнун ӯ метавонад дар Лигаи Ҷопон бозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Муштзани тоҷик Муин Ғафуров ният дорад, ки ба Ҷопон биравад, гуфт роҳбари Лига самбои  размӣ ва ММА-и Тоҷикистон Аҳтам Ҳокиров.

"Эҳтимол, рӯзҳои наздик дар бораи шартномаи Муин Ғафуров барои як муҳориба бо лигаи ҷопонӣ Rizin Fighting Federation дақиқи шавад" гуфт ӯ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як размикори тоҷик Муин Ғафуров,  бо UFC, бузургтарин лигаи MMA дар ҷаҳон шартнома бастааст. Аммо, он гоҳ ин тасдиқ карда нашуд.

Тавре маълум шуд, Ғафуров ҳаққи қонунии бастани шартнома бо UFC надорад, зеро вай бо як ташкилоти дигар шартнома дошт. Ин ширкати ONE FC буд,  ки размикор пеш бо он кор карда буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 Муин бо ONE FC шартнома бастааст. Вай 18 мубориза дар сатҳи касбӣ баргузор кард, ки дар он 16 ғалаба  ва ду шикастро паси сар кардааст.

Муин охирин бор санаи 6 октябри соли 2018 дар мусобиқаи One One - Kingdom of Heroes  размикори Бразилия Леандро Исаро тариқи нокаут дар аввалин раунд мағлуб кард. Қабл аз ин, 14 октябри соли 2017, дар мусобиқаи Tajikistan Fighting Championship 5, Ғафуров бразилии дигар Итало Фрейтасаро  нокаути техникӣ дар даври 1 мағлуб кард.

Муин Ғафуров (қад - 170,18 см, вазн - 64 кг) дар муҳорибаҳои омехта таҳти лақаби Тоҷик баромад карда - қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба самбо (WCSF), қаҳрамони ҷаҳон оид ба грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбои размӣ мебошад.

14
Пыльная буря в Душанбе

Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз: шамол шиддат мегирад, чанг мехезад

14
(Таҷдидшуда 09:42 11.07.2020)
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар як қатор ноҳияҳои ҷанубӣ ва тобеи маркази ҷумҳурӣ шамол шиддат ёфта, боиси ба вуҷудоии чангу ғубор мегардад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назара аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад, хабар додаст "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар чяк сония  мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+20  ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

14