Оташбозӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Соли нав дар панҷ гӯшаи Душанбе оташбозӣ мешавад

176
(Таҷдидшуда 12:45 28.12.2017)
Оташбозӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ, Bсмоили Сомонӣ ва маркази Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шаби Соли нав бори нахуст аз дар панҷ ҷой оташбозӣ мешавад.

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 31 декабр аз соати 19 то 22 Шоу-Барномаи солинавӣ баргузор мешаваду пас аз барнома оташбозӣ оғоз мегардад.

"Панҷ ҷойи интихобшуда дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва маркази Душанбе ҷойгир шудааст", — хабар медиҳад равобити умумии шаҳрдорӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, оташбозӣ дар "майдони 800-солагии Маскави назди Театри опера ва балет, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-дар "Боғи Айнӣ", дар ноҳияи Сино-назди сохтмони Додситонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди Сирки давлатӣ ва дар маркази Душанбе —дар майдони Дӯстӣ оташбозӣ мешавад.

Имсол дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе арчаи чароғон гузоштанд. Баландии арча 25 метр буда, қутри он 12,5 метр мебошад.

Аксари мардум бо шодӣ дар назди ин арча аксбардорӣ мекунанд.

Ҳамчунин дар гирду атрофи арча чароғҳои бузурги давра ва навиштаҷот гузошта шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки мардуми Тоҷикистон дар остонаи Соли нав се рӯз-30,31 ва якуми январ истироҳат мекунанд.

176
Барчаспҳо:
Соли нави 2018, оташбозӣ, шаҳрдорӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Детская игрушка возле дороги

Садамаи мудҳиши маргбор дар Шаҳритус: ронанда модару кӯдаконашро пахш карду гурехт

105
(Таҷдидшуда 13:30 08.08.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 32 солаи ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки чор узви як хонаводаро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Менглиев Ҷӯрабек Ҳусанович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чоршанбе ба самти маркази ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди деҳаи Чинор бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, саравал як сар чорвои калони шохдорро пахш намуда, баъдан ба қисми канори рости роҳ баромада пиёдагардонро пахш кардааст.

Гуфта мешавад, пиёдагардон Рузиева Умеда Тургуновнаи 18 сола, Алимардонова Тоҷихол Маматалиевнаи 23 сола ва фарзандони хурдсолаш Рузиева Мафтуна Бурибоевнаи 2 сола ва  Рузиев Неъматулло Бурибоевичи хануз яксола нашуда пас аз пахши мошин ҳалок шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон истиқоматкунандагони, ҷамоати деҳоти Х.Холматов буда, ронанда пас аз пахи онҳо аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронанда Менглиев Ҷ.Ҳ. дастгир карда шуд” ,-афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

105
Шабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

906
(Таҷдидшуда 13:13 08.08.2020)
Сарояндаи саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайё аз даргузашти бармаҳали овозхони маҳбуб Баҳроми Ғафурӣ изҳори таассуф намуда дар ҳаққи рӯҳи равони марҳум дуо хондаст

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Шабнами Сурайё дар сафҳаи худ Инстаграм суруди муштарак бо Баҳроми Ғафурӣ овозхони маҳбуб, аммо ҳоло марҳуми тоҷик мунташир намуда, аз марги бармаҳали ӯ изҳори таассуф намуд.

"Инна-Лилляхи Ва-Инна-Иляйхи-Раджиун!🤲🏼😔ДУСТ ВА БАРОДАРИ АЗИЗ", - навиштааст Шабнами Сурайё.

Зимнан, илова намудааст, ки Худованд Баҳромро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад ва руҳаш шод бошад.

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

906
Барчаспҳо:
навор, тоҷик, овозхон, даргузашт, Шабнами Сурайё

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

0
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

0
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут