Сейсмограф, акс аз бойгонӣ

Заминларзаи Мурғоб дар Душанбе эҳсос нашудааст

100
(Таҷдидшуда 12:51 09.01.2018)
Конуни заминларза 340 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе дар қарамрави ноҳияи Мурғоб ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Заминларзаи ноҳияи Мурғоб дар шаҳри Душанбе эҳсос нашудааст.

Дар ин бора Хадамоти геофизикии Фарҳангистони Тоҷикистон ба расонаҳои расмӣ хабар додааст.

Заминларза имрӯз, 9 январ соати 5:05 бо вақти маҳаллӣ ба амал омадааст.

Ба иттилои манбаъ, конуни заминларза 340 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе дар қарамрави ноҳияи Мурғоб ба қайд гирифта шудааст.

"Дар марказ заминларза бо қувваи 3-4 балл ҷунбидааст. Дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе заминларза эҳсос нашудааст",-омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 9 январ соати 06:05 дар масофаи 605 километрии Алмаато заминларза рух додааст.

Конуни  заминларза 605 километр  шарқтар аз шаҳри Алмаато дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Замин бо қувваи 5.0. балл ларзиду конуни он дар чуқурии 5 километрӣ ҷойгир шудааст.

100
Барчаспҳо:
заминларза, Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Мурғоб, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (21)
Гробы с умершими от заражения вирусом

Афзоиши фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорати тандурустӣ

880
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Вазорат, аз 30 апрел то 14 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6643 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5332 нафар ё худ 80,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ дар мамлакат ба 56 нафар расид.

"Давоми шабонарӯзи охир 178 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

880
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон, омор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сохтмони бинои 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ дар шаҳри Хуҷанд бо суръат идома дорад

89
(Таҷдидшуда 19:13 14.07.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ дар шаҳр бомаром идома дошта ва аллакай 7 ошёнаи он ба анҷом расидааст

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Бино бар иттилоли дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёди хонаи баландошёна, ки барои муҳоҷирони экологӣ пешбинӣ шудааст, боздид намуданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои муҳоҷирони экологӣ бомаром идома дошта, аллакай 7 ошёнаи он ба итмом расидааст.

Гуфта шудааст, ки бинои мазкур бо маблағгузории мақомоти шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

“Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад. Ҳуҷраҳои бинои сохташаванда барҳаво буда, масоҳати якхонагии он 56 метри кв, духонагии он 93 метри кв ва сехонагии он 125 метри кв-ро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки қисмати асосии бино бунёд шудааст.

“Интизор меравад, ки бинои мазкур то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, муҳоҷирони экологӣ соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд”, - зикр кардааст манбаъ.

Ҳамзамон дар ҳудуди бинои мазкур ҷойҳои фароғатӣ, аз ҷумла майдончаи варзишӣ барои бачагон пешбинӣ шудааст.

Дар навбати худ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор супориш дод, ки сохтмони бинои мазкур босифат анҷом дода шавад.

89
Барчаспҳо:
сохтмон, бино, муҳоҷирон, Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон