Сарвазири Узбакистон ба Тоҷикистон омад

Обуна шудан
Ҳавопаймои Абдулло Орипов аллакай ба фурудгоҳи Душанбе нишастааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҳайъати Тоҷикистону Узбакистон имрӯз бо роҳбарии сарвазирони ду кишвар масоили ҳамкориҳои  тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ва нишонагузории сарҳадро баррасӣ мекунанд. Маҷлиси комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар имрӯз дар Кохи Наврӯз пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Ҳавопаймои сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов аллакай ба Душанбе расидааст.

Ҳайъати Узбакистон аз намояндагони ҳукумати ин кишвар ва намояндагони Вазорати умури хориҷаву марзбонон иборат аст.

Интизор меравад, ки имрӯз ҳамчунин Абдулло Орипов бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва мулоқот кунад.

Сарвазири Узбакистон бо ҷониби Тоҷикистон масоили омодагии аввалин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро баррасӣ хоҳанд, кард, ки ба баҳори соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0