Председатель согдийской области Абдурахмон Кодири, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғдро аз мақомаш барканор кард

949
(Таҷдидшуда 12:47 13.01.2018)
Раиси пешини шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд таъин гашт

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо имзои як фармон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро  бо далели бознишастагӣ баромданаш аз мақомаш барканор кард.

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдураҳмон Қодирӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси вилояти Суғд озод карда шавад.",- омадааст дар фармони вижаи раисҷумҳур.

Раиси пешини Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо як фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин шудааст.

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Аҳмадзода Раҷаббой иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин карда шавад",-омадааст дар фармони рақами 988-уми раисҷумҳур.

949
Барчаспҳо:
раиси вилоят, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (32)