Военный парад в Худжанде по случаю 25-й годовщины независимости Республики Таджикистан

Режа дар ҷашни солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор намешавад

81
(Таҷдидшуда 13:56 28.03.2018)
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди ташкилашон дар Душанбе режа нахоҳанд рафт

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Режае, ки қарор буд, имсол 23 феврал ба муносибати 25-умин солгарди бунёди Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, бо қарори Ҳукумати ҶТ бар по нахоҳад шуд, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

"Режаи ягонҳои подгони низомии шаҳри Душанбе ба муносибати 25-умин солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврал баргузор намешавад", — гуфтааст яке аз масъулини давлат ба хабаргузорӣ. 

Вай гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати дифоъ дастур дода, ки 9 сентябри соли 2021 ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли кишвар режаи бошукӯҳ барпо намояд.

"Ҳукумат ҳамчунин ба ҳама вазорату идораҳо дастур дода, ки ҳаргуна ҷашну барномаҳои худро дар 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон барномарезӣ кунанд", — таъкид кардааст ин масъул.

Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар дар ростои иҷрои фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 19 декабри соли 2017 "Дар бораи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон" гирифта шудааст.

Раисҷумҳур ба ҳукумат дастур дода буд, ки дар ду моҳ Кумитаи баргузории ҷашнро таъсис диҳад ва барномаро ҷашнро омода ва тасвиб кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-умин солгарди истиқлолашро 9 сентябри соли 2021 ҷашн хоҳад гирифт.

81
Барчаспҳо:
режа, Вазорати дифоъ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон 25-умин солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳашро бо шукӯҳ ҷашн хоҳад гирифт
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

120
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

120
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мадина Акназарова - Бо ту / Madina Aknazarova - Bo Tu (2020) - YouTube

Мадина Ақназарова гуфт, чӣ гуна метавон аз COVID - 19 эмин шуд- видео

696
(Таҷдидшуда 19:09 12.07.2020)
Сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон Мадина Ақназарова дар як наворе фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд худ ва атрофиёнро аз сироятшавӣ бо COVID - 19 муҳофизат кард

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Мадина Ақназарова, ки ахиран бо гурӯҳи тарғиботии мубориза бар зидди COVID - 19 дар Тоҷикистон пайваст, дар як наворе дар саҳифааш дар Instagram фаҳмонд, ки чӣ гуна бояд ниқоби тиббиро пӯшид.

Ӯ дар ин навор аз мардум даъват кард, ки ба зиндагии худ ва атрофиён бетараф набошанд ва ниқобро дуруст бипӯшанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#AKAH#covid19#besafe 🌿

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

"Салом дӯстони азиз! Тамоми ҷаҳон мубориза бо COVID - 19 - ро идома медиҳад ва пӯшидани ниқобро касе манъ накардааст. Вазъи аксари мардум ваҳим аст ва бархе ҳам бидуни нишона ин бемориро аз сар мегузаронанд ва паҳнкунандаи сироят ҳастанд. Барои ҳамин биёед нисбати ин беморӣ ҷиддӣ муносибат кунем ва саломатии миллатамонро нигоҳ дорем", - таъкид кардааст Мадина дар навор.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоб ҳатмӣ аст. Тибқи тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ гардидааст.

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

696
Барчаспҳо:
вируси нав, муҳофизат, ниқоби сиёҳ, Мадина Ақназарова