Аскар Нуралиев

Кайфари ришваситонӣ: 11 соли зиндон барои 500 ҳазор дулор

75
(Таҷдидшуда 17:06 18.01.2018)
Аскар Нурализода, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, маҳкум ба 11 соли зиндон шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Аскар Нурализода муттаҳам ба ситондани 500 ҳазор дулор ришва шуда буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз манбаъе дар додгоҳ.

“Аскар Нурализода, муовини сардори Сарраёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, маҳкум ба 11 соли зиндон шуд”, — тавзеҳ додааст манбаъ.

Ин масъул дар поёни моҳи сентябри соли 2017 ба ҷурми гирифтани камобеш 500 ҳазор дулор ришва дастгир шуда буд. Ҳизби халқӣ — демократӣ бедиранг ӯро аз сафаш ихроҷ ва узвияташ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомониро ҳам боз доронд.

Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро муҷрим шинохта ва маҳкум ба 11 сол ҳабс дар зиндон кардааст.

75
Барчаспҳо:
кайфар, ришваситонӣ, ришва, Аскар Нурализода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Боздошти ду афсари ВКД ба иттиҳоми ришваситонӣ дар Тоҷикистон
Боздошти ташхисгари тиббии додгоҳи Хатлон ба иттиҳоми ришваситонӣ
Пизишконро аз оқибатҳои ришваситонӣ огоҳ карданд
Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ
Декани яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд
Ду корманди дафтари Интерпол дар Душанбе ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуданд