Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои сарбозони оянда курсҳои ронандагии ройгон созмон дод

© SputnikРоссийско-таджикские учения на полигоне Фахрабад
Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонписароне, ки ба синни даъват ба артиш расидаанду хоҳиши таҳсил дар ин курсҳоро доранд, метавонанд барои бақайдгирӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳр курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагии ройгон барои ҷавонони синни даъватӣ ташкил гардидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, таҳсил то ба охир расидани ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар Бозрасиии давлатии автомобилии комилан бепул буда, хамткунандагон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи С мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд барои бақайдгирӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.

Телефон барои маълумот:4 0008 64013 46720 92 7950507

Лентаи хабарҳо
0