Церемония сжигания наркотиков в Таджикистане

Тоҷикистон беш аз 340 килуграм маводи мухаддирро дар оташ сӯхт

12
(Таҷдидшуда 20:43 24.01.2018)
Ожонси мубориза бо маводи мухаддир 341 килуграму 196 грам маводи мухаддирро дар ҳузури намояндагони нерӯҳои интизомӣ ва низомӣ ва рӯзноманигорон дар оташ сӯхт

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имрӯз дар оташдони Ожонси мубориза бо маводи мухаддир 341 килуграму 196 грам маводи мухаддир сӯзонида шуд, гуфт Муртазо Ҳайдарзода.

"Имрӯз 341,196 кг маводи мухаддир, аз он ҷумла 24,355 кг ҳероин, 31,860 кг ҳашиш, 277,073 кг бангдона ва 7,070 кг афюн, ки дар чорчӯби 28 парванда мусодира шуда буд, бо ҳукми додгоҳ дар оташ сӯзонида шуд", — гуфт муовини мудири Ожонси назорати маводи мухаддир дар нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Вай ёдоварӣ кард, ки дар 18 соли гузашта ин Ожонс беш аз 20 тонна маводи мухаддирро дар ин оташдон сӯхта нобуд кардааст, Чунончи, соли 2017 ин ниҳод 2 329 кг маводи мухаддирро нобуд карда, ки 1463 кг ё 2,6 баробар бештар аз соли 2016 аст.

12
Барчаспҳо:
сӯзонидани маводи мухаддир, Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, Муртазо Ҳайдарзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми тавлиди маводи мухаддир ҳушдор медиҳад