Юсуф Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Юсуф Раҳмон: агар бастани НҶН ғайриқонунӣ бошад, чораҳои зарурӣ меандешем

2359
(Таҷдидшуда 17:39 25.01.2018)
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, то ҳол масъалаи басташавии NGN дар Тоҷикистон тафтиш мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи масъалаи баста шудани NGN дар Тоҷикистон пурсон шуданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар ҳоли ҳозир қонунмандии низоми мухобиротии NGN-ро месанҷад ва қарор аст авохири ҳафтаи оянда Додгоҳи олӣ натоиҷи ниҳоии онро эълон намояд.

"NGN-ро мо аз нигоҳи он, ки он то куҷо ба амният хатар дорад, ва аз нигоҳи он, ки то куҷо дастраси гурӯҳҳо тундрав мешавад, мавриди омӯзиш қарор додем. Вале дар айни замон агар басташавии он ғайриқонунӣ бошад, мо чораҳои зарурӣ меандешем", — қайд кард ӯ.

Охирҳои моҳи декабр хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки роҳбараш Бек Сабур аст, хидматрасонии NGN баста шуд.

Сипас яз гурӯҳ муҳоҷирон ба донишҷӯён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ имзо ҷамъ кард, ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон мактуби шикоятӣ навиштанд, ки баста шудани NGN ба будҷаи онҳо сахт таъсир хоҳад расонд ва афзун бар ин ба номи Тоҷикистон латма хоҳад зад.

Дар авоили моҳи январ Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки то куҷо қонунӣ будани баста шудани NGN-ро баррасӣ хоҳад кард, чун баҳонаи Хадамаоти алоқа чораҳои амниятӣ буд.

2359
Барчаспҳо:
НҶН, Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон, Тоҷикистон