Корти бонкӣ, акс аз бойгонӣ

ВУД: Набераи мактабхон дар Бохтар корти бонкии модаркалонашро дуздидааст

71
Духтарак бо як дӯсташ аз шаҳри Қӯрғонтеппа 3 ҳазор 400 сомонии модаркалонро гирифта, ба манфиати худ истифода бурдаанд

ДУШАНБЕ, 25 янв- Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон наберае корти бонкии модаркалонашро дуздида, аз он маблағҳояшро гирифтааст.

"Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғон: духтари 16-солаи сокини ноҳияи Бохтар, хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бино бар гузориши ВУД, мутаҳамон бо роҳи пинҳонӣ корти плостикии бонки "Амонатбонк"-и бибияш, зани 62-солаи сокини ноҳияи Бохтарро дуздида, аз корти мазкур 3 ҳазору 400-сомониро тасарруф намудаанд.

Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

71
Барчаспҳо:
дуздӣ, набера, модаркалон, Бохтар, Тоҷикистон