Театри лӯхтак, акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа театри нав ба фаъолият сар кард

30
(Таҷдидшуда 12:43 25.01.2018)
Мақсади таъсиси театр ташаккул ва рушди санъати театрӣ, ба саҳна гузоштани намоишномаҳои лӯхтак, ҷалби кӯдакону наврасон ба театр ва тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазорати фарҳанги ҶТ гузориш медиҳад, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба наздикӣ расман Бохтар ном хоҳад гирифт, театри наве ба фаъолият шурӯъ кард.

"Муассисаи давлатии "Театри вилоятии лӯхтаки "Афсона" дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа дар як қисмати бинои собиқ Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов ҷойгир гардидааст ва айни ҳол корҳои хуҷҷатгузорӣ, қабули кормандон, барқароркунӣ ва таъмири бино дар чараён аст, то бино ба театри лӯхтак мутобиқ гардонида шавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, мақсади таъсиси театр ташаккул ва рушди санъати театрӣ, ба саҳна гузоштани намоишномаҳои лӯхтак, ҷалби кӯдакону наврасон ба театр ва тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо мебошад.

Боиси зикр аст, ки соли 2016 дар Ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои лӯхтак "Чодари хаёл" дар шаҳри Душанбе гурӯҳи лӯхтаки Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов бо намоишномаи "Бе ранҷ наёбӣ ганҷ"-и Хайрулло Давлатов иштирок карда буд.

Намоиши мазкур аз ҷониби тамошобинон ва коршиносони ватаниву хориҷӣ, ки иштирокчии ҷашнвора буданд, баҳои баланд гирифт. Дар доираи фестивал вохӯрии меҳмонону иштирокчиён бо Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баргузор шуда, пешниҳод ба амал омада буд, ки дар вилояти Хатлон, ки беш аз ду миллион нуфус дорад, театри алоҳидаи лӯхтак таъсис дода шавад.

Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва дастгирии роҳбарияти вилояти Хатлон, хусусан муовини соҳавии раиси вилоят Махфират Хидирзода ин иқдом амалӣ гардид, меафзояд манбаъ.

30
Барчаспҳо:
Театри кӯдакона, Қӯрғонтеппа, Тоҷикистон