Намози бомдод дар масҷид. Акс аз бойгонӣ

Барои риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар Исфара 45 масҷид баста шуд

133
(Таҷдидшуда 13:18 25.01.2018)
Дар шаҳри Исфара 24 масҷид баста шудаанд. Дар ин бора шаҳрдор Дилшод Расулзода хабар додааст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Шаҳрдори Исфара Дилшод Расулзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки дар ҳудуди ин шаҳр 24 масҷид баста шудааст.

Далели баста шудани масҷидҳоро шаҳрдор ба талабот ҷавобгӯй набудани масҷидҳо ва риоя нашудани меъёрҳои беҳдошт гуфтааст.

"Мардуми маҳаллӣ пешниҳод доранд, ки ин масҷидҳо ба иншооти иҷтимоӣ, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ табдил дода шаванд, Лекин барои ин нахуст иҷозати Кумитаи дин ва таъмир зарур аст",-гуфтааст шаҳрдор.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои он 113 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеаи марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 100 масҷиди намозҳои панҷгона ва 1 калисо амал мекунанд.

Расулзода ҳамчунин гуфта, ки 154 нафар сокинони Исфара, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ҳамаашон ба ватан баргардонида шудааанд.

Дар ҳоли ҳозир аҳолии шаҳри Исфара 261,5 ҳазор касро ташкил медиҳад.

Пештар хабар дода шуд, ки бар асоси ислоҳияи ворида ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, масҷидҳои Тоҷикистон аз 22 январ мулзам ба ироаи гузориш аз амалкарди молии худ мешаванд.

Бино бар тадқиқотҳои пойгоҳи WIN/Gallup International дар Тоҷикистон 85 дар сади аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд.

Дар ин росто Тоҷикистон дар феҳристи диндории мардуми ҷаҳон, ки нашрияи The Telegraph омода кардааст, кишвари диндортарини Осиёи Марказӣ дониста шудааст.

133
Барчаспҳо:
масҷидҳо, баста шудан, Дилшод Расулзода, Исфара, Тоҷикистон