Тарма дар Тоҷикистон

КҲФ аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон огоҳӣ медиҳад. Эҳтиёт шавед!

497
(Таҷдидшуда 13:42 25.01.2018)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Ожонси ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 27-уми январ то 1-уми феврал дар ҷумҳурӣ ҳарорат якбора паст мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор медиҳад, ки дар ин муддат- аз 27-уми январ то 1-уми феврал ҳаво дар Тоҷикистон якбора паст мешавад. Дар водиҳо боридани барф, дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши зиёди барф дар назар гирифта шудааст.  Ҳаракат дар роҳҳои кишвар, хусусан дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағба мушкил хоҳад шуд.

Дар бештари минтақаҳои баландкӯҳ ташдид ёфтани шамол пешгӯӣ карда мешавад, дар баъзе минтақаҳо боридани яхпора интизор меравад.

Барои ҳамин кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи бухориҳои барқӣ ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор риоя кунанд, қувваи барқро сарфакорона истифода баранд ва ба қоидаҳои бехатарии роҳро риоя кунанд.

Ҳамчунин бо мақсади амнияти ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ тавсия медиҳад, ки худравҳои худро бори дигар ба зимистон омода кунанд, чархҳои худравҳоро ба чархи зимистонӣ иваз кунанд ва ғайраҳо.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар сардӣ мошинҳое, ки омода нестанд ба роҳ набароянд, хусусан дар шаб аз ҳаракат худдорӣ кунанд.

Аз хонаводаҳе, ки аз бухорӣ истифода мебаранд, хоҳиш карда мешавад, ки бензин ва красинро ҳамчун маводи сӯхт истифода надатарнад.

Аз мурадуме, ки дар минтақаи кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба шикор, подачарронӣ ва ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ нараванд.

497
Барчаспҳо:
сардшавии ҳаво, КҲФ, Тоҷикистон