Боғи Рӯдакӣ, акс аз бойгонӣ

"Истиқлол ва Озодӣ": Хадамоти матбуотии раисҷумҳур озмун эълон мекунад

60
(Таҷдидшуда 17:33 25.01.2018)
Озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, Ҳукумати  Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" — ро дар шаҳри Душанбе эълон менамояд.
Бино бар иттилои манбаъ, озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд.

"Довталабоне, ки дар озмуни мазкур ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди "Барои озмун" ва нишон додани ному насаб, рамз ва суроға дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода) сабти ном кунанд",- қайд карда мешавад дар гузориш.

Тартиби баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад.

Барои беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" маблағи пулӣ муқаррар шудааст.

60
Барчаспҳо:
истиқлол, озмун, ширкат, Тоҷикистон