Душанбе, акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии "Об барои рушди устувор” баргузор мешавад

120
(Таҷдидшуда 10:11 26.01.2018)
Дар назар гирифта шудаааст, ки ҳамоиши байналмилалӣ дар бораи об моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии "Об барои рушди устувор" баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додаст. Дар назар гирифта шудаааст, ки ҳамоиши байналмилалӣ дар бораи об моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад

Дар хабари ВУХ қайд карда мешавад, ба ин конфронс Тоҷикистон намояндагони кишвари Чехияро низ даъват кард.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 24 январи соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия ба Вазорати корҳои хориҷии Чехия ташриф оварда, бо Сардори департаменти Осиё ҷаноби Мартин Клепетко мулоқот анҷом дод.

Мавзӯи мулоқотро ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст Тоҷикистону Чехия ташкил дода, вусьати ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамзамон дар соҳаи илму маориф ва бахшҳои гуманитарӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

"Сафири Точикистон даъватномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия ҷихати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатхи баланд "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, супорида, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иштироки ҳайати Чехия дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ иброз намуд",- қайд карда мешавад дар иттилои манбаъ.

120
Барчаспҳо:
конфронс, об, мулоқот, ВУХ, Чехия, Тоҷикистон