Аслов бо муовинони вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон мулоқот кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Аслов, архивное фото
Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро ба Тоҷикистон, ки баргузории он 1-2 феврали соли 2018 дар назар аст, муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 25 январ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелеваро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи 12-уми "Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония" ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУХ ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ,  дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии  раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро ба Тоҷикистон, ки баргузории он 1-2 феврали соли 2018 дар назар аст, муҳокима карданд.

"Инчунин 25 январ Сироҷидин Аслов муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиевро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт",- қайд мешавад дар гузориши ВУХ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.Ҳамчунин мавзӯи ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0