Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи истгоҳи нав дар Душанбе

Дар Душанбе корхонаи автобуссозии "AKIA" бунёд мешавад

359
(Таҷдидшуда 18:50 26.01.2018)
То ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Душанбе корхонаи тавлиди автобусҳои ширкати туркии "AKIA" бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ширкати худравсозии туркии "AKIA" дар шаҳри Душанбе корхонаи автобуссозӣ бунёд мекунад, гуфт муовини якуми шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.

Бино бар иттилои ӯ, дар айни ҳол мутахассисони туркӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошта, бо 20 нафар мутахассисони тоҷик барои фаъолият дар корхонаи мазкур машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида истодаанд. Ин корхона қарор аст солона 250 — 300 автобусро тавлид кунад.

"Ҳамчунин дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 ноябри соли 2017 барои харидани боз 100 автобуси "AKIA" аз Туркия бо дарназардошти бастубанди он дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии "Насби нақлиёти барқӣ ва дучарха" шартнома ба имзо расидааст", — гуфт Зувайдзода.

Муовини раиси шаҳр афзуд, айни ҳол дар пойтахт татбиқи лоиҳаи "Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе" идома дошта, дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ гардида, амалисозии низоми мазкур дар марҳилаи ниҳоии корҳои насбкунӣ ва омодакунии барномаҳои компютерӣ қарор дорад.

359
Барчаспҳо:
коргоҳ, автобус, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Тепловоз, архивное фото

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

5
(Таҷдидшуда 18:43 22.09.2020)
Намояндагони Туркманистон ва Афғонистон ҳамкориҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки кишварҳои Осиёи Марказиро метавонад бо ҳам пайвандад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Намояндагони ожонсии “Роҳи оҳани Туркманистон” ва Идораи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон доир ба сохтмони роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи ТАТ-ро гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи интернетии “Turkmenistan.ru”.

Аз ҷумла тарафҳо сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина –Андхой ва Тургунди-Ҳиротро баррасӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир, 1,5 километр роҳи оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин аз 33 иншооти обгузар, сохтмони 16 иншоот ба анҷом расидааст.

Баъд аз анҷоми хобондани роҳи оҳан дар қитъаи Акина – Андхой, қарор аст сохтмони ин роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон идома ёфбад.

Ҳангоими гуфтушунид, таъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад ба Афғонистон ба муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам бештар ҷалб шавад.

Гуфта шудааст, ки ин раванд метавонад ба пойдори сулҳ дар ин кишвар мусоидат кунад.

5
Барчаспҳо:
баррасӣ, сохтмон, роҳи оҳан, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон
интернет-кафе, архивное фото

"Рейд"-и шабона дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд - макони паҳншавии бемориҳои сироятӣ

33
(Таҷдидшуда 18:26 22.09.2020)
Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерии шаҳри Хуҷанд доир намуданд

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд дар интернет-кафеҳои шаҳри Хуҷанд амалиёти шабона баргузор намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, санҷиши навбатӣ собит кард, ки то ҳанӯз аз беназоратии падару модар наврасону ҷавонон дар вақти дарс ва дар бевақтии шаб дар чунин марказҳо, ба бозиҳои зараровар ва хусусияти зуроваридошта машғул мегарданд.

"Дар натиҷаи санҷиши мақсаднок ошкор гардид, ки дар 7 нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ ва 4 марказҳои интернетӣ дар баробари ҷавонон 5 нафар ноболиғ низ машғули чунин бозиҳои зараровар мебошанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати ҷойдошта бо дастрасии моддаи 90-и КҲМ ҶТ нисбати волидайни ноболиғон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

"Ҷавонону ноболиғон асосан дар чунин марказҳо ба бозии зараровари Контр-страйк, ки дар он қатлу куштор ва ҷаҳолату разолат таблиғ мегардад, машғул буданд", - афзудааст РВКД.

Кормандони милитсия бо 132 нафар ҷавонон, ки дар ин марказҳои компютерӣ бо бозӣ машғул буданд корҳои фаҳмондадиҳӣ-профилактикӣ доир намуда, оқибатҳои зараровари чунин бозиҳои хусусияти ваҳшонияту зуроваридоштаро фаҳмониданд.

Мавриди қайд аст, ки қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар аксари марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ риоя нагардида, талаботҳои ҷойдошта оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави СОВИД-19 роҳандозӣ нагардидаанд.

Нисбат ба соҳибони марказҳои интернетӣ ва нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ барои вайрон намудани талаботи дар иҷозатнома зикргардида, яъне ба ноболиғон иҷозат додан ба бозиҳои компютерӣ ва риоя накардани дигар талаботҳои қонунгузорӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар Душанбе вуруди наврасони ба интернет – кафе манъ шуд

33