ВУД: аз "Тойота Раннер"-и марди рушонӣ 38 санги гаронбаҳои ёқут ва лаъл ёфт шуд

© Sputnik / А. Кондратьев / Гузариш ба медиабонкДобытые драгоценные камни
Добытые драгоценные камни - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини ноҳияи Рушон ба қочоқи сангҳои қимматбаҳои табиӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳафтаи равон ду шаҳрванди кишварро ба иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии сангҳои табиии гаронбаҳо дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ,  26-уми январи соли равон, марди 33-солаи сокини кӯчаи Гипроземи ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили ҳамёни номбурда 17-адад сангҳои гуногунҳаҷми табиии қимматбаҳои навъи "лаъл", вазни умумиашон 9,97-грамм, дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Министр внутренных дел в МВД ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳимзода ба милисаҳои ВМКБ дар бораи сангҳои гаронбаҳо

Ҳамчунин кормандони милитсия бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 44-солаи сокини ноҳияи Рушонро дар шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир намуданд. 

"13-уми январи соли 2018 дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш тамғаи "Тойота Раннер", аз пинҳонгоҳи қисми чапи "торпедааш" 1 адад халтача, ки дар дохили он 38 адад сангҳои табиии қимматбаҳои навъи "ёқут" ва 21-адад сангҳои гуногунҳаҷми табии қимматбаҳои навъи "лаъл", вазни умумиашон 59,40-грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шуд",- афзудааст манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0