Душанбе дар зимистон, акс аз бойгонӣ

Барфу туман ва тундбод: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 10 дараҷа сард мешавад

173
(Таҷдидшуда 11:03 30.01.2018)
Имрӯз, 30 январ, сешанбе дар аксар минтақаҳои кишвар ҳавои тағйирёбанда ва боришоти барф дар назар гирифта шудааст. Дар баъзе ҷойҳо ташдид ёфтани бод ва фаромадани туман пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии ҳавошиносӣ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйиёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона  барф меборад, дар ҷойҳои алоҳида фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз тарафи Шарқ дар як сония 3-8 метр мевазад ва дар баъзе ноҳияҳо  шиддати бод дар назар аст. Интизор меравад, ки он дар як сония 12-17 метр вазад. Дар водиҳо шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд, дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, барф меборад, дар бархе ноҳияиҳои вилоят фаромадани  туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз тарафи Шарқ 3-8 метр сония мевазад.  Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда,  боридани барф пешгӯи мешавад. Дар ғарби виляот дар баъзе минтақаҳои тундбод дар назар аст. Шабона а 3 то 8 дараҷа сард мешавад ва рӯзона —4 то +1 дараҷа мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, боридани барф пешбинӣ мешавад, дар минтақаҳои алоҳида фаромадани туман дар назар аст. Шабона аз —7 то —12 дараҷа сард ва рӯзона аз —1 дараҷа сард то +4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона —8 то —10 дараҷа сард ва рӯзона то 3 дараҷа гарм мешавад.

173
Барчаспҳо:
тундбод, туман, барф, Агентии ҳавосанҷӣ, Тоҷикистон
День 5 июль

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

11
(Таҷдидшуда 20:10 04.07.2020)
Рӯзи панҷуми июл дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият, дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон, дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия ва дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ мебошад

Рӯзи 5 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1841  Томас Кук  аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон агентии сайёҳӣ кушод.

День 4 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1865 дар Лондон Созмони хайрияи «Артиши наҷот» ташкил карда шуд.

Соли 1918 Ҳизби коммунистии Украина таъсис дода шуд.

Соли 1924 дар Порис маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид.

Соли 1954 аввалин маротиба пахши барномаҳои хабарии телевизиони Би-Би-Сӣ ба роҳ монда шуд.

Соли 1994 дар Чин истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои СҲШ (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардид.

День 3 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2001 дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Украина 10 созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе Аввалин бонки молиявии хурд ба истифода дода шуд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуданд.

Соли 2013 Президент дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дод. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.

Соли соли 2013 дар бӯстонсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии самимӣ анҷом доданд.

Соли 2019 хабар дода шуд, ки паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл

  • Дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият.
  • Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.

Рӯзи 5 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 182 — Сун Тсюан (соли даргузашт - 252), аввалин шоҳи қарни Се салтанат дар Чин.

Соли 1802 — Павел Нахимов (даргузашт 1855), адмирали рус.

Соли 1857 - Клара Тсеткин (даргузашт 1933), фаъоли ҳаракати коммунистӣ ва олмонӣ.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1914 – журналист Ноёбшо Бодурбеков.

Соли 1930 – журналист Мадориф Шарифзода.

Соли 1931-1990 – олим - адабиётшинос Абдуллоҷон Ғаффорзода.

Соли 1933 – журналист Нусратшо Таваллоев.

Соли 1936 – доктор, профессор Муқаддама Ашрафӣ.

Рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон кӣ вафот кард

Соли 1971 — Муҳаммадҷон Қосимов (соли таваллуд 1907), ҳунарманди тоҷик.

11
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 29 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон

935
(Таҷдидшуда 20:18 04.07.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Дар давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 4 июл ба 6159 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз дар кишвар 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

935
Барчаспҳо:
вируси нав, фавт, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон