Раҳмон бо роҳбари ширкати "Салини Импреҷило" сохтусози "Роғун"-ро баррасӣ кард

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Пиетро Салини
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Пиетро Салини - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тавре дафтари мутбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ширкати "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

Врач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкон "фишори хуни" созандагони нерӯгоҳи Роғунро санҷиданд

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати "Салини Импреҷило" дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии "Роғун" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

"Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати "Салини Импреҷило" баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин ширкати байналмилалии сохтмонӣ дар иҷрои тарҳҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0