Маҳмадсаид Убайдуллоев

Зиндагиномаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон

391
(Таҷдидшуда 13:00 02.07.2019)
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори пешини пойтахти ҷумҳурӣ

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад ва наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд.

Шаҳрдори пешини пойтахти Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдуллоев Маҳмадсаид Убайдуллоевич 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.

Вай соли 1968 ба донишкадаи Политехникии Тоҷикистон дохил шуда, сипас таҳсилро дар Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харков идома додааст. Убайдуллоев фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1974 ҳамчун сармуҳандис сар карда, дар соли 1986 вай аллакай Мудири шӯъбаи саноат, нақлиёт ва маҳсулоти ниёзи мардуми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб буд.

Убайдуллоев дар соли 1992 муовини раиси Шурои вазирони ҶТ таъин шуд ва дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1994 ин симатро иҷро кард.
Ӯ аз соли 1996 то 2017 вазифаи шаҳрдории пойтахтро дар ӯҳда дошт. 12 январи соли 2017 бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз симати шаҳрдории пойтахт барканор шуд.

Ҳамчунин дар соли 1996 Маҳмасаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, ки то ҳол ин вазифаро иҷро мекунад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиладор соҳиби се фарзанд-ду писар ва як духтар мебошад.

Ёдрас мешавем, рӯзи 13 январи соли ҷорӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон писари вай-Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса таъин шуд.

Дар соли 2017 пас аз барканорӣ аз мақоми шаҳрдорӣ бо қарори Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳузури роҳбарону фаъолони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба ордени "Зарринтоҷ" дараҷаи 1 дода буд.

Убайдуллоев яке аз камшумортарин сиёсатмадорони тоҷик аст, ки дар шабакаҳои иҷтимӣ бо номи худ фаъол аст.

 

391
Барчаспҳо:
зодрӯз, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Тоҷикистон