Наҷотдиҳӣ аз зери тарма. Акс аз бойгонӣ

Дар ВМКБ мардумро аз зери "тарма" наҷот доданд

1111
(Таҷдидшуда 14:33 01.02.2018)
Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон мардуми дармондаро аз тарма "наҷот" дод

ДУШАНБЕ, 1 фев— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар Бадахшон оид ба расонидани кумак ба зарардидагон дар ҳоли фаромадани тарма, тамрин баргузор карданд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи тамринкунӣ такмили малакаҳои касбии наҷотдиҳандагон оид ба ошкорсозӣ ва наҷоти зарардидагон дар ҳоли омадани тарма бо усули "пармакунӣ" мебошад.

Манбаъ меафзояд, ки чорабинӣ аз ҳолати омодабоши наҷотдиҳандагон оғоз шудааст.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи таъиншуда омада, ба якчанд гурӯҳи ҷустуҷӯӣ тақсим шудаанд ва ба нуқтаҳои эҳтимолии зарардидагони шартӣ равона гаштаанд.

Барои наҷоти осебдидагон усули "пармакунӣ" истифода шудааст. Гурӯҳи наҷотдиҳандагон саф кашида, пармачаи махсуси дасти худро ба қаъри барф андохта, яке паси дигар дар ҳар метри мураббаъ ин амалро такрор мекарданд.

Дар сафи наҷотдиҳандагон кормандони тиб низ ҳузур доштаву дар ҳини пайдо шудани ҷабрдида дар зери барф ба вай кумаки аввалини тиббӣ расонаанд.

"Гурӯҳҳои "ҷабрдидагон"-ро дар кутоҳтарин фурсат пайдо ва наҷот доданд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки чунин тамринҳо ҳамасола гузаронида мешаванду имкон медиҳад сатҳи омодагии неруҳои наҷот дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ боло равад.

1111
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, КҲФ Тоҷикистон, ВМКБ, Тоҷикистон