Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии Истамбул

Муфтӣ аз Анқара хост, наҳзатиҳоро аз Туркия ихроҷ кунад

269
(Таҷдидшуда 18:06 01.02.2018)
Дар ин росто муфтии Тоҷикистон қайд намуд, ки "гурӯҳи террористии наҳзат ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо истифода аз номи Ислом зери пӯшиш, фаъолияти харобкориашро оғоз кард"

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тавре вебгоҳи Маркази исломии ҶТ гузориш медиҳад, раиси Шурои уламои марказ Саидмукаррам Абдулқодирзода, 31 январ дар Истамбул бо хабарнигорони Туркия мулоқот кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мусоҳиба раиси шуро масоили ҳамкориҳои миёни Шурои уламо ва диёнати Туркияро баррасӣ кард.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин мусоҳиба ҷаноби домулло аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ва созмони Фатҳуллоҳ Гӯлен сӯҳбат кард.

"Дар ин росто муфтии Тоҷикистон қайд намуд, ки гурӯҳи террористии наҳзат ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо истифода аз номи Ислом зери пӯшиш, фаъолияти харобкориашро оғоз кард",- омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи ҷаноби домулло, аъзоёни ҲНИТ дар Афғонистон таълими низомӣ гирифта, бо мақсади ғасби ҳукумати Тоҷикистон даст ба амалиёти мусаллаҳона заданд.

Ҳамин тартиб, муфтӣ тазаккур додааст, ки ҳаводорони созмони террористии назҳат миллати осоиштаи тоҷикро ба ҷанг кашида, дар натиҷа 150 ҳазор нафар мардуми шарифи Тоҷикистонро бераҳмона ба қатл расониданд.

Ба гузориши манбаъ, рӯзноманигорон аз Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсон шуданд, ки чаро Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи назҳат иҷозат дод?

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ намудани ҷанг дар кишвар ба наҳзатиҳо иҷозат дод, ки фаъолиташонро дар доираи қонун ба роҳ монда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд",- посух додааст Абдулқодирзода.

Муттассифона аъзоёни ташкилоти мазкур аз некбинии Ҳукумат сӯиистифода намуда, дубора ба мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнат карданд, гуфтааст дар идома ӯ.

Пас аз ин изҳоротҳо, раиси шуро аз ҷониби Туркия дархост кардааст, ки фаъолияти узви наҳзат дар Туркия қатъ карда шавад ва ҷонибдоронаш аз кишвар берун карда шаванд.

Дар анҷоми мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорон дар мавриди вазъи имрӯзаи Қудс ва амалиёти низомии Туркия дар шаҳри Африни Сурия низ изҳори назар намуд.

269
Барчаспҳо:
мусоҳиба, ихроҷ, ҲНИТ, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Тоҷикистон
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

То 400 сомонӣ ҷарима: вакилони тоҷик барои мубориза бо коронавирус чӣ пешниҳод карданд?

358
(Таҷдидшуда 19:01 26.05.2020)
Вакилони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки барои риоя накардани чораҷӯиҳои беҳдошт ҷиҳати пешгирии сирояти корона ҷарима то 400 сомонӣ боло бурда шавад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ҷаримаи афроди поймолкунандаи муқаррарот ва қоидаҳои беҳдоштӣ  дар роҳи мубориза бо коронавирус дар кишвар афзоиш ёбад.

Намояндагони маҷлис пофишорӣ доранд, ки ҳамаи шаҳрвандони кишвар тасмими Ситоди муқобила бо коронавирус дар мавриди истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумиро риоят намекунанд.

Дар ҳоли ҳозир маъмурони иҷроии қонун дар Тоҷикистон фақат нафаронеро, ки бидуни ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ равуо мекунанд, ҳушдор медиҳанд ва ё аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мекуанд.

Намояндагони  маҷлис бо ишора ба ин ки ин маблағ барои иҷбори афрод ба истифода аз ниқоби тиббӣ кофӣ нест, пешниҳод карданд ин ҷарима то 406 сомонӣ афзоиш ёбад.

358
Мужчина в защитной маске на улице

Нигаронии Зайнура Азимӣ аз монеаҳои роҳи пирӯзӣ алайҳи “вируси карона”

408
(Таҷдидшуда 18:51 26.05.2020)
Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемории COVID-19 таъкид намудааст, ки таҷаммӯъи зиёди сокинон дар кӯчаву бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳи пирӯзи ба ин бемориро мушкил мегардонад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Муовини раиси вилояти Суғд, дар ҳоле аз камтаваҷҷӯҳи баъзе сокинон дар бораи асароти ин маризӣ таъкид намудааст, ки ду се рӯз ба ин ҷониб гаштузори одамон дар кӯчаву бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ назар ба рӯзҳои қаблӣ бештар шуда, вале дида мешавад, ки баъзеҳо алакай чораҳои муҳофизатӣ аз ҷумла бастани ниқобро алакай фаромӯш кардаанд.

Маъмури Юсуфзод, роҳбари дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи зери роҳбарии Азимӣ, дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и Хуҷанд бо иштироки масъулини муассисаҳои тандурустии Суғд доир гардида, дар кори маҳз ин масъалаи ба баррасӣ гузошта шудааст.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфтааст, ки хушбахтона шумори мубталоёни бемории кароновирус дар вилоят рӯз аз рӯз ру ба нузул аст, вале ин маънои онро надорад, ки мо бар алайҳи ин маризӣ, ки вабои аср аст, ғолибяти мутлақ ба даст овардаем.

“Баръакс таҷрибаҳо собит менамоянд, ки аз беэътиноӣ ва нописандӣ вазъи беҳдоштӣ дар баъзе кишварҳо дубора бадтар шуда, ин беморӣ аз нав хуруҷ кардааст. Тақдири талхи кишварҳои минтақа инро бозгӯй менамояд”, - таъкид кардаанд масъулин дар ҷаласа.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд иброз намудааст, ки рӯзҳои охир фориғболии шаҳрвандон, бахусус гаштугузори бемаврид дар кӯчаҳо, зиёд будани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, анбӯҳи одамон дар бозору ҷойҳои истироҳатӣ бе риояи қоидаҳои тиббӣ ба назар мерасад, ки ин ҳол метавонад ба ҷараёни мубориза бо бемории каронавирус таъсири манфӣ гузорад.

Ӯ аз ҳозирин даъват кардааст, ки дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории “COVID-19” дар вилояти Суғд аз имкониятҳо истифода намуда, корҳоро тақвият диҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар ин ҷаласа масъулин таъкид намудаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият шаҳрвандонро лозим аст, ки аз баргузор намудани тӯйю маъракаҳои хеш худдорӣ намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

 

Бино ба оморе, ки имрӯз 26 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии беморон ба 3266 нафар баробар шуда, то кунун 1417 нафар аз ин шумор сиҳат шудаанд.

Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 47 нафар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

 

408
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

0
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

0