Бо супориши Аҳмадзода: дар Хуҷанд 1 миллион дона гул мешинонанд

© Sputnik / Георгий Зельма / Гузариш ба медиабонкПамирский ботанический сад, архивное фото
Памирский ботанический сад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин миқдор гул дар шаҳри Хуҷанд давра ба давра шинонида мешавад. Бино бар иттилои масъулини “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷандҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шудааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 дар умум 1 миллион дона гул шинонида хоҳад шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулини сохторҳои Ҳукумати шаҳри Хуҷанд тибқи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба коштани беш аз 70 ҳазор тухми лола оғоз карда шуд ва интизор меравад, ки ин лолаҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи аҷам шаҳрро зеб мебахшанд.

"Масъулини "Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ"-и шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шуда, ба шукуфтан оғоз кардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ин гармхона беш аз 10 номгуйи гулҳои ороишӣ аз қабили Петуния, Катарантус, Салвия, Марҷонгул парвариш меёбад, ки ба обу ҳавои шаҳри Хуҷанд мувофиқ карда шудааст.

Дар умум гуфта мешавад, ки давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ, марҳила ба марҳила шинонида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0