Раисҷумҳури Қирғизистон ва нахуствазири Тоҷикистон

Нахуствазири Тоҷикистон бо Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард

38
(Таҷдидшуда 12:47 02.02.2018)
Дар мулоқот масоили густариши ҳамкории дуҷонибаи байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму фарҳанг ва ғайраҳо баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили густариши ҳамкории дуҷонибаи байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, аз имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои гуногун, ки ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байниҳукуматӣ замина мегузоранд, бо хушнудӣ истиқбол карда шуд.

Ҳарду ҷониб барои рушду тавсеи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва ба манфиати мардумони ҳар ду давлат изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков рӯзи гузашта бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо меҳмони олиқадр мулоқот кард, ки дар натиҷа чанд қарордоди нав ба имзо расид.

38
Барчаспҳо:
мулоқот, Сооронбой Жээнбеков, Қоҳир Расулзода, Қирғизистон, Тоҷикистон