Кӯдакон дап кӯча барфбозӣ мекунанд

Обу ҳаво: имрӯз Тоҷикистонро ҳавои тағйирёбанда интизор аст

112
Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 6 фев- Sputnik.Имрӯз, 6 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

112
Барчаспҳо:
сардӣ, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Садамаҳо зиёд шудааст, эҳтиёт кунед: ҳушдор ва муроҷиати КҲФ Тоҷиикистон ба ронандагон

116
(Таҷдидшуда 12:35 29.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки тайи рӯзҳои охир дар роҳҳои мухталифи кишвар садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёд ба мал омадааст, ки дар бисёре мавридҳо сокинон ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, миёни қурбониёни садамаҳои марговар ронандагон, мусофирон, занону мардон, пирсолону ноболиғон низ зиёд ба назар мерасанд.

Тибқи иттилои манбаъ, аксари ин садамаҳо бар асари риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон рух медиҳанд, ки хеле нигаронкунанда аст. 

Таъкид шудааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода борҳо дар мавридҳои гуногун ба ронандагон муроҷиат карда буд, ки риояи қоидаҳои ҳаракат гарави аслии ҳифзи  саломатии худи онҳост.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 28 ноябр то 3 декабри соли 2020 дар минтақаҳои гуногуни доманакӯҳ ва кӯҳистони кишвар боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.

Ин манбаъ гуфтааст, ки дар аксар мавридҳо борони шадид ба барфи тар табдил мешавад ва табиист, ки ин ҳолат ҳаракати мошинҳо ва одамонро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилу хатарзо мекунад. 

Дар ҳамин ҳол, бо назардошти ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ронандагӣ дар чунин ҳаво вижагиҳои хоси худро дорад.

“Ронандагон бояд махсусан дар роҳ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя кунанд. Онҳое, ки нав мошинрониро омӯхтаанд, беҳтараш аз сафар бо роҳҳои мушкилгузар худдорӣ намоянд. Роҳҳои кӯҳӣ дар ҳавои сарду боронӣ сангрезишу тарма доранд ва барои ин ронандагон бояд маҳорату малакаҳои хуби ронандагиро дошта бошанд”, - қайд кардааст КҲФ Тоҷикистон. 

KҲФ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки либоси гарм, чароғаки дастӣ, бели хурд, ресмон, сӯзишвории эҳтиётӣ, дар термос оби гарм бо худ дошта бошанд. Инчунин, дорухонаи ёрии аввалияро дар мошин нав кардан лозим аст. Бо худ якчанд симкорт ва пуркунандаи барқ ​​барои телефонҳои мобилӣ дошта бошед.

Инчунин КҲФ ҳушдор додааст, ки асвалти тоза дар ҳавои сард таҳдидҳои зиёд ба ронанда дорад. Он метавонад бо қабати номаълум ва басо нафиси як пӯшида шуда бошад. Аз ин рӯ риояи фосила миёни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат як роҳи эминӣ аз ҳар гуна хатарҳост!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки дар роҳ шитоб накунанд ва дар роҳ эҳтиёткор бошанд.

116
Барчаспҳо:
ҳушдор, сокинон, нақлиётӣ, роҳ, садама, КҲФ, Тоҷикистон
Шерали Кабиров, новый министр промышленности

Шералӣ Кабир бо сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ чӣ масъаларо баррасӣ кард?

146
(Таҷдидшуда 12:31 29.11.2020)
Сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Душанбе мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik.  Дар дидорҳои ҷудогонаи сафирони Эрон ва Олмон дар Душанбе бо вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, заминаҳои ҳамкориҳои чандҷонибаи саноатӣ ва фанноварии дуҷониба ба баҳсу табодули назар гузошта шуд.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ахиран дар саҳифаи Инстаграмми худ навишт, ки дар дидор бо вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон Шералӣ Кабир заминаҳои ҳамкории ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаҳои гуногуни саноат, маъдан ва фанновариҳои навин мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт. 

Бояд қайд кард, ки чанде пеш вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон бо сафири Олмон дар Душанбе дар мавзӯи тақвияти равобити дуҷониба дидору гуфтугӯ кард. 

Дар дидори Шералӣ Кабир ва Андреас Протманн тарафҳо дар бораи истифода аз таҷрибаҳои Олмон барои рушди фанновариҳои навини саноатӣ дар Тоҷикистон табодули назар карданд.

146
Барчаспҳо:
Душанбе, саноат, мулоқот, сафир, Эрон, Тоҷикистон

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

0
(Таҷдидшуда 12:18 29.11.2020)
Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтраш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Лос-Анҷелеси Амрико  муҳорибаи Бокс миёни ду муштзани номӣ Майк Тайсон ва Рой Джонс анҷом ёфт.

Пушти сари ҳар яке ин ду муштзан беш аз 50 муҳориба аст ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.

Майк Тайсон вазни вазнин доошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, ки дар ринг каме мушкили кашид.

Тайсон мухлисонашро дар ҳайрат гузошт. Пеш аз муҳориба ӯ мегуфт ҳаяҷон дораду сину солаш рафтааст.

“Ман Брюс ли ҳастам? Шумо чӣ фикр мекунед? Ман 54 сол дорам. Мехоҳам ӯро нокаут кунам? Бале” – гуфт Тайсон.

Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод. Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад. Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро “Тайсони оҳанин” меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.

Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъд 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд. Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.

Худи муштзани номӣ Майк Тайсон хулосаи доварон норозигӣ кард ва  як каме аз доварон хашмгин шуд. Аммо ба рақиби худ дустона рафтор кард.

Рой Джонс пас аз муҳориба гуфт, муштҳои Тайсон ба ӯ мушкилоти зиёде ба бор оварданд.

Рой джонси 51-сола дар 75 муҳориба 66 пирӯзӣ ба даст оварду дар 9 муҳориба мағлуб шуд.  Майк Тайсон 58 муҳориба анҷом доду дар 50 муҳориба пирӯз шуд.

0
Барчаспҳо:
доварон, пирӯз, пирӯзӣ, ғолиб, муҳориба, бокс, Майк Тайсон