ВУД: Зане бо далели шавҳар надоштанаш кӯдаки навзодашро кушт

CC0 / Jlhopgood / NewbornМладенец, архивное фото
Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муттаҳам фарзандро дар хона таваллуд мекунад ва бо мақсади пинҳон кардани фарзанддор шуданаш, навзодро дар ҳаммом беназорат танҳо мегузорад. Дар натиҷа вай ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 6 фев- Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рухдоди нанговаре хабар медиҳад: зане бо гумони куштори кӯдаки навзоди худ боздошт шуд.

Би но бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар шаҳри Истаравшан рух додааст.

Гуфта мешавад, зан рӯзи 5 январ, тахминан соатҳои 21:30 дар манзили истиқоматиаш фарзанд, духтарак ба дунё меорад.

"Баъдан, зани номбурда бинобар сабаби шавҳар надоштанаш, бо мақсади пинҳонӣ таваллуд намудани худ, кӯдаки навзоди худро дар фарши ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш беназорат гузоштааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа кӯдаки навзод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0