Сейсмография. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистонро заминларза такон дод

396
(Таҷдидшуда 12:39 07.02.2018)
Дар Тоҷикистон заминларза рух долдааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Соати 02:53-и 7 феврал дар Тоҷикистон замин ҷунбидааст.

Маркази заминларза 330 километр дуртар аз Душанбе ва 120 километр шарқтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир будааст.

Гуфта мешавад, ки конуни заминларза жарфои 105 километр зери замин ҷойгир будааст.

Бино ба маълумоти маркази зилзилашиносии Урупо қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил додааст.

Бошандагони шаҳри Душанбе заминҷунбиро эҳсос накардаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш замин дар Тоҷикистон сахт ҷунбида буд.

Маркази заминларза 280 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир буду қуввааш 5-6 баллро ташкил доа буд.

396
Барчаспҳо:
заминларза, Маркази зилзилашиносии АУ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (21)
День 14 августа

Ҷашнҳои рӯзи 14 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

18
(Таҷдидшуда 20:00 13.08.2020)
Рӯзи чордаҳуми август дар Покистон аз Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар Зимбабве Рӯзи қаҳрамонони миллӣ қайд гирифта мешавад

Рӯзи 14 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1848 дар Канада амали санади расмӣ, ки  забони англисиро ҳамчун ягона забони давлатӣ дар кишвар муқаррар карда буд, қатъ карда шуд.

Соли 1893 дар Фаронса ба ронандагон бидуни супоридани имтиҳон додани ҳуҷҷати ронандагӣ  манъ карда шуд.

Соли 1919 бо мақсади ворид кардани Бавария ба ҳайати Олмон ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид карда шуд.

Соли 1920 дар шаҳри Антверпени Белгия маросими кушодашавии Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид (29 август ба анҷом расид).

Соли 1986 дар Амстердам расми аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон гузошта шуд, ки 8 ҳазору 586 метри мураббаъро ташкил дод.

Соли 1908 дар шаҳри Фолкстони Англия аввалин маротиба озмуни байналмилалии зебоӣ баргузор гардид.

Соли 1936 аввалин маротиба ба рӯйхати  Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баскетбол ворид карда шуд.

Рӯзи 14 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маҷмўи васеи масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон
Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон

Соли 2012 сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи «president.tj» аз соли 2005 инҷониб фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии интернет баромад. Сомонаи мазкур имрӯз дар ин шабака бо чор забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ оид ба сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон хабару гузориши расмӣ  пешниҳод менамояд.

Соли 2012 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Соли 2013 дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстонаи дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон барпо гардид.

Ноги и футбольный мяч
© Sputnik / Алексей Филиппов
Ноги и футбольный мяч

Ҷашнҳои рӯзи 14 август

  •  Дар Покистон-Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонони миллӣ.

Рӯзи 14 август кӣ дар Тоыикистон ба дунё омадааст

Соли 1924 – рассом, ходими хизматнишондодаи санъат Давид Илябоев.

Солҳои 1951-1995 – нависанда, журналист Насруллои Асадулло.

18
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Тотальный диктант в Душанбе

Хобгоҳҳо каму иҷорахонаҳо қимат: шикваи донишҷӯёни тоҷик аз гаронии нарх

297
То оғози таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои Тоҷикистон, камтар аз 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аммо мушкили камбуди хобгоҳ ва гароншавии арзиши хонаҳои иҷоравӣ бисёре аз донишҷӯёнро ба тавшвиш овардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик мегуянд, ба фарқ аз соли гузашта дарёфти хонаҳои иҷроравӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд душвортар шудааст.

Иқбол Раҳимов шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе мегуяд, қимати хонаҳои иҷоравӣ аз ҳар вақт дида ҳоло баланд шудааст.

"Ба 1000 сомонӣ ҳам ёфтани хонаи иҷоравӣ дар шаҳри Душанбе қариб ки номумкин шудааст. Соли гузашта мо бо ин қиммат хона иҷора гирифта будем, аммо имсол соҳибхона бо ин нарх хонаро ба иҷора намедиҳад", - гуфт Раҳимов.

Донишҷӯёни Хуҷанд низ аз мушкили дарёфти хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд.

Санҷар Шаропов, аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъди хатми таҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд азм дорад, имсол барои гирифтани маълумотии олии тахассусаш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намояд, аммо гарон шудани қиммати хонаҳои иҷоравӣ ӯро дар ташвиш гузоштааст.

"Дар соли қаблӣ мо 4 нафар донишҷӯён бар ивази 600 сомонӣ дар як хонаи як ҳуҷрагӣ иқомат мекардем. Ҳоло бо ин нарх пайдо кардани хонаи иҷоравӣ душвор аст. Нархи хонаҳо то ба 800 -1000 сомонӣ баланд шудааст", - гуфт донишҷӯ.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо бештар аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ ҳамагӣ як ва ё дутоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён доранд. Дар ин миён танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинаи худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, умдатан онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд таъмин мешаванд, аммо беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дигари ин донишгоҳ аз ҳисоби худ хонаи иҷорави мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир донишгоҳҳои кишвар имкони бо хобгоҳ таъмин кардани шумори қобили мулоҳизаи донишҷӯёнро надоранд ва дарёфти хонаҳои иҷоравӣ барои донишҷӯён мушкили аслӣ боқӣ мемонад.

297