Талоши милисаҳои тоҷик барои аз кор намондан: як раис дар ВУД 15 кило вазн партофт

© Sputnik / Рубен ГарсияСотрудники МВД Таджикистана
Сотрудники МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бист милисаи дигар, ки бо далели доштани вазни зиёдатӣ аз вазифа сабукдӯш шуда буданд, баъди лоғаршавӣ аз сар ба кор гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  дар соли 2017 вазорат наздики 20 кормандашро бо далели доштани вазни зиёдатӣ муваққатан аз вазифаҳояшон барканор кардааст.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон, восбаста ба дастури Раҳимзода дар мавриди вазни зиёдатии милисаҳо гуфтааст, раиси кадрҳои ВУД Тоҷикистон пас аз ин иқдоми вазир зиёда аз 15 кг вазнашро партофтааст.

Милисаҳое, ки бо далели доштани вазни зиёдатӣ барканор шуда буданд, пас аз ба танзим даровардани вазнашон аз нав ба кор гирифта мешаванд.

Охирҳои моҳи декабри соли 2016 пас аз як дастури вазири умури дохила, ниҳод эълон кард, ки ба милисаҳо мӯҳлат медиҳад, то аз вазни зиёдатии худ халос шаванд.

ВУД изҳор дошта буд, ки солҳои охир сафи милисаҳои фарбеҳ зиёд шудааст, ки дар иҷрои амалҳои фаврӣ халал мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0