Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр, акс аз бойгонӣ

"Сомон Эйр" кӯдакони беморро барои табобат ба Олмон бурд

188
Беш аз 100 кӯдак аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбакистон ва Гурҷистон ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон бурда шуданд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" кӯдаконеро, ки ба амалиётҳои вазнини ҷарроҳӣ ниёз доранд, аз Тоҷикистон ба Олмон бурдааст, иттиллоъ хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ.

Масири хатсайр тавассути чунин шаҳрҳо, аз қабили Кобул, Тошканд ва Тифлис, гузашт. Нуқтаи ниҳоӣ он шаҳри Дюсселдорф буд, ки ба кӯдакони кишварҳои гуногун кӯмаки зарурии тиббӣ расонида шуд. Корфармои парвоз созмони "Деҳаи Байналмилалии Ҷаҳон" ба шумор меравад.

"14 феврал тибқи барнома зиёда аз 100 нафар кӯдак аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон бо ҳавопаймо ба Дюсселдорф фиристода шуданд. 17 феврал ҳавопаймо бо гурӯҳи кӯдакон ба самти масири баргашт аз Дюселдорф парвоз хоҳад кард", — хабар медиҳад ширкати ҳавопаймоӣ.

Моҳҳои октябри соли гузашта хабар дода шуд, ки ширкати "Сомон Эйр" ба IATA пайваст.

Аз пайвастан ба IATA "Сомон Эйр" ин имтиёзҳоро дарёфт мекунад, ки аз ин пас метавонад бо ширкатҳои бузурги ҷаҳон қарордоди мусофирбарии миёнхаттӣ (interline agreement) ва қарордоди намоди муштарак (Codeshare agreement) имзо кунад.

188
Барчаспҳо:
кӯдак, кӯмак, бемор, "Сомон Эйр", Тоҷикистон
Топор, архивное фото

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

139
(Таҷдидшуда 18:58 26.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми одамкушӣ, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.

Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори "Панҷшанбе" хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

139
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Суғд, куштор
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Яке ҳарифашро бо мушт заду дуюмӣ даъвои беасос кард: ҷаримаи футболбозони Суғд

50
(Таҷдидшуда 19:22 26.10.2020)
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи футболи вилояти Суғд зимни баргузории ҷаласа, нисбати варзишгоҳи “Ҷавонӣ” ва футболбозони дастаи “Пахтакор” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Зарафшон” - и шаҳри Панҷакент муҷозот таъйин кард

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Бозӣ миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" рӯзи 24 октябр бо ҳисоби 3:1 ба поён расид, вале миёни футболбозон ҷанҷол бархост.

Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муноқишаи бархоста дар вақти баргузории бозии футбол миёни дастаҳои "Пахтакор" ва "Зарафшон" имрӯз зери роҳбарии Хуршед Зоидов, сардори Кумитаи интизомӣ-назоратии ФФ Суғд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба футболбозон барои вайрон намудани одоби варзишӣ ҷарима муқаррар намудааст.

Бо қарори Кумитаи интизомӣ – назоратӣ, барои вайрон кардани моддаи 8 банди 16, яъне таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаҳо, тамошобинон, аъзои гурӯҳи доварон дар варзишгоҳ то анҷом ва баъди бозӣ, варзишгоҳи "Ҷавонӣ - и ноҳияи Ҷ. Расулов аз гузаронидани як бозӣ ва ба миқдори 500 сомонӣ муҷозот шуд.

Дастаи "Сипар" - и Хуҷанд нахустин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ҳайитбой Отаҷонов бозингари дастаи "Пахтакор", барои зарба задани ҳариф бо мушт, аз панҷ бозӣ маҳрум ва нисбаташ 300 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Инчунин мураббӣ бозингари дастаи "Зарафшон", Камолиддин Ҷурабоев, барои вайрон намудани одоби варзишӣ, гуфторҳои гайримантиқӣ, даъвои беасос бар асоси моддаи 8 банди 19 аз се бозии тақвимӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ муҷозот шудааст.

50
Барчаспҳо:
футбол, ҷарима, Суғд