Автозаправка ночью UMED88, архивное фото

Раиси "Умед-88" ҳоло дар боздоштгоҳ мемонад

196
(Таҷдидшуда 12:18 15.02.2018)
Ба наздикон ва хонаводаи Раҷабалӣ Одинаев иҷоза дода шудааст, хисороти воридакардаи вайро ба будҷаи давлат супоранд

ДУШАНБЕ, 15 фев- Sputnik. Раиси "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев то анҷоми тафтиш дар боздошт мемонад. Дар ин бора муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Идрисзода дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Вай афзуд, "то анҷоми таҳқиқот дар боздошт мемонад ва раҳо карда намешавад".

Ба гуфтаи Идрисзода, ба наздикон ва хонаводаи Раҷабалӣ Одинаев иҷоза дода шудааст, хисороти воридакардаи вайро ба будҷаи давлат супоранд.
Ёдрас мешавем, моҳҳои октябри соли 2018 хабар дода шуд, ки  Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мудирони ширкати саҳомии "Умед-88"-ро ба иттиҳоми саркаши аз пардохти молиёт, тақаллуб ва қочоқи коло боздошт кард.

Ба гузориши равобити умумии Ожонс, ширкати маҳдудмасъулияти "Умед-88" 171 милюн сомонӣ қарзеро, ки моҳи маи соли 2015 аз ширкати "Нерӯгоҳи Роғун" барои шаш моҳ гирифта буд, бар нагардондааст.

Моҳҳои ноябр наздикони Одинаев ба раисҷумҳури Тоҷикистон мактуб навишта, хоҳиш карданд, ки аҳли хонаводаи наздикони Одинаев аз раисҷумҳури Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ӯро бо далели вазъи саломатиаш озод кунанд.

Раҷабалӣ Одинаев- раиси ширкати "Умед-88",  ваъда додааст, ки бо кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ эъбори давлатиро пардохт хоҳад кард.

196
Барчаспҳо:
боздошт, Раҷабалӣ Одинаев, Тоҷикистон
Ноги, архивное фото

Макони ишқварзӣ ба ивази 120 сомон: боздошти зани 41-сола барои ташкили фоҳишахона

502
(Таҷдидшуда 11:16 24.11.2020)
Вазорати  умури дохилии Тоҷикистон як зани 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахтро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, 23-юми ноябри соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 21 сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, номбурда ҳамон рӯз дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 23-сола ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-афзудааст, манбаъ.

Боздошти зани 47 сола барои ташкили фоҳишахона: ду нафарро шинос карду 400 сомон гирифт

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

502
Барчаспҳо:
ташкили фоҳишахона, зан, боздошт, Душанбе, Тоҷикистон
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе

Раҳмон гуфт, парчам чун нишони сарисинагӣ ва дар хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода гардад

101
(Таҷдидшуда 12:02 24.11.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 инҷониб ҳар сол 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанонро табрик карда гуфтааст, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

“Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.”,-гуфтааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд, афзудааст президент.

Расулзода дар Кӯшониён пояи 46-метрии парчам ва нишони давлатиро ифтитоҳ кард

Раисиҷумҳури кишвар арҷ гузоштан ба Парчами давлатиро қарзи ҳар як шаҳрванд хонда гуфтааст, дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

101
Барчаспҳо:
табрикот, Парчам, президент, Тоҷикистон
Солдаты спецназа США (зеленые береты) в Афганистане. Архивное фото

Худкушии 9 сарбози австралиягӣ пас аз ифшо шудани бедодгарии онҳо дар Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 12:03 24.11.2020)
Пас аз ошкор шудани ҷиноятҳои содиркардаи сарбозони австралиягӣ дар хоки Афғонистон, 9 тан аз онҳо даст ба худкушӣ заданд

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Давоми се ҳафтаи охир дар Австралия дасти кам 9 сарбоз даст ба худкушӣ заданд, хабар медиҳад The Daily Mail.

Ба иттилои манбаъ, сарбозон пас аз ошкор шудани ҷиноятҳои слодиркардаи онҳо дар Афғонистон сӯиқасд ба ҷони худ намуданд.

Дар мавриди бедодгариҳои сарбозони австралиягӣ дар Афғонистон,Фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар Ангус Кэмпбелло гузориши вижа омода намуд ва ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи сарбозонро ифшо кард.

Дар гузориши таҳиянамудаи ӯ, маълумот дар мавриди қатли 39 сарбози афғон ва сокинони осоишта давоми солҳои 2005 - 2016 ҷамъоварӣ гардидааст.

Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад

Гуфта мешавад, ҳудуди 400 нафар шоҳидӣ додаанд, ки ин теъдод ҷиноятҳоро маҳз сарбозони Австралия дар Афғонистон содир карданд.

Манбаъ меафзояд, нахустин бор дар таърих давоми ҳамагӣ се ҳафта, шумораи зиёди сӯиқасд ба ҷон сабт гардидааст.

Гуфта мешавад, пас аз гузориши Кэмпбелло 8 мард ва 1 зан даст ба худкушӣ заданд. Ҳарчанд ҳанӯз ҳеҷ далели даст доштани онҳо дар куштори сарбозон ва сокинони осоиштаи Афғонистон вуҷуд надорад, вале тафтишот гунаҳгор будани онҳоро истисно намекунад.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, Австралия, сарбоз, Афғонистон