Судебный молоток, архивное фото

Ду қочоқбар дар Тоҷикистон маҳкум ба 10 - 12 сол зиндон шуданд

80
(Таҷдидшуда 22:10 20.02.2018)
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 21 фев  — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрвандон Неъматуллобеков ва Тӯйбошевро, ки муттаҳам ба қочоқ ва муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир шуда буданд, муҷрим шинохт.

Ба гузориши равобити умумии Додситонии кулли Тоҷикистон, Неъматуллобеков 5 октябри соли 2017 аз Маҳмадулло ном шаҳрванди Афғонистон 4,775 килуграм маводи мухаддирро харида ва онро ба шаҳри Душанбе бурдааст.

Вай дар Душанбе аз хешовандаш Тӯйбошев, ки маводи мухаддирро ба манзили ӯ бурдааст, дар фурӯши он ҳамдастӣ хостааст.

Тӯйбошевро кормандони нерӯҳои амниятӣ 15 октябри соли 2017 бо бастае ҳашиш дастгир кардаанд.

Додгоҳ ҷурми ин ду муттаҳамро собит карда ва Неъматуллобековро ба 12 сол ва Тӯйбошевро ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст. Ин ду муҷрим муддати маҳкумияти худро дар зиндони дорои низоми шадид сипарӣ хоҳанд кард.

80
Барчаспҳо:
қочоқи маводи мухаддир, Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кайфари қочоқи маводи мухаддир - 19 сол зиндон
ВКД Русия 5 қочоқгари маводи мухаддир аз Тоҷикистон, Русия ва Белорусро боздошт кард
КДАМ ҶТ: як қочоқбар дар марз бо Афғонистон кушта шуд
Дар соли 2017: КДАМ аз қочоқчиён 1740 кг маводи мухаддир мусодира кард