Баҳор омад, баҳор омад: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 20 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПовседневная жизнь
Повседневная жизнь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо ба 13-18 метр дар як сония мерасад

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Имрӯз, 23 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-6 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 4-6 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0